Пайвандҳои дастрасӣ

Афсарони ояндаи артиши Афғонистон дар Тоҷикистон таълими низомӣ мегиранд



Сафаргули Олимӣ

Тоҷикистон дар айни ҳол афсарони худро барои омузиш ба кишварҳои дигари хориҷӣ мефиристад.

Бино бар иттилои маркази матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, 30 сарбози артиши миллии Афғонистон барои таълим дар омузишгоҳҳои низомӣ вориди Тоҷикистон шудаанд. Сарбозони артиши миллии Афғонистон баъди хатми таҳсил соҳиби маълумоти олии низомӣ шуда, бо рутбаи афсарӣ ба Афғонистон бармегарданд. Сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон Зарробиддин Сироҷов бо зикри ин хабар афзуд:

"Дируз 30 нафар аз донишҷуёни низомии Давлати Исломии Афғонистон барои таҳсили илмҳои ҳарбӣ ба Душанбе омаданд. Онҳо муддати 6 моҳ дар Донишкадаи ҳарбии вазорати дифоъ аз руи ихтисоси фармондеҳони гуруҳҳои умумиҳарбӣ таҳсил хоҳанд кард. Ин амал мувофиқи қарордоде амале мешавад, ки дар байни вазирони дифоъи ду кишвар дар моҳи майи соли гузашта ба имзо расида буд. Дар заминаи Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиа ҳамаи шароити зарурӣ барои таҳсил ва будубоши муваққатии онҳо муҳайё карда шудааст."

Оқои Сироҷов афзуд, тибқи шартномаҳои роҷеъ ба ҳамкории низомии миёни Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расида, дар донишгоҳҳои низомии Тоҷикистон таълим гирифтани сарбозони артиши миллии Афғонистон дар оянда низ идома хохад ёфт. Заробиддини Сироҷов мегуяд, зимнан барои таҳсили низомӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристодани донишҷуёни тоҷик низ дар ин авохир вусъат ёфтааст:

"Давлати Тоҷикистон барои омода кардани кадрҳо бо давлатҳои хориҷӣ қарордодҳо дорад. Мо барои қувваҳои мусаллаҳи худ дар дигар кишварҳо низ кадрҳо омода мекунем. 30 нафар аз донишҷуёни Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиа ҳафтаи гузашта барои таҳсил барои ду ҳафта ба Фаронса рафтанд. Оно аз руи барномаи омодагии низомӣ дар шароити куҳистон дар он ҷо таҳсил хоҳанд кард."

Тоҷикистон чунин шартномаҳоро бо Чину Эрон, Ҳиндустону Олмон ва бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико низ ба имзо расонидааст. Тибқи ин шартномаҳо ҷавонони тоҷик дар кишварҳои мазкур низ дарси низомӣ меомузанд. Заробиддин Сироҷов гуфт, алъон як гуруҳ аз афсарони ояндаи артиши миллии Тоҷикистон омодагии сафари Ҳиндустонро доранд.

XS
SM
MD
LG