Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бо 12 милён доллар ва Олмон бо 6,6 милён евро ба Тоҷикистон кумак мерасонанд



Мирзои Салимпур



Ийолоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, сохтмони як пули ҷадид дар руи дарёи Ому, дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро ба маблағи 12 милён доллар сармоягузорӣ кунад. Хабаргузории "Азия Плюс" менависад, раҳандозии ин лоиҳа ба беҳтар шудани равобити тиҷоративу нақлиётии Тоҷикистон бо Афғонистон ва соъири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мусоидат хоҳад кард.

Тибқи як хабари дигар, ки низ ин хабаргузорӣ нашр кардааст, ҳукумати Олмон татбиқи як барномаи муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди рушди ду ноҳияи Ғарму Шуроободро бо 6 600 000 евро кумаки билоиваз хоҳад кард. Дар марҳалаи аввал 2 100 000 евро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода хоҳад шуд.

Татбиқи 1 480 000 евро аз маблағҳои ин лоиҳаро Барномаи Сандуқи Оғохон дар умури рушди манотиқи куҳистон ба уҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG