Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ронданд



Тоҳири Сафар



Хабаргузории Интерфакс иттилоъ дод, гуруҳи бузурги муҳоҷирини ғайриқонунии тоҷик ба далели риоя накардани муқаррароти иқомат, рузи 4 март аз Қазоқистон ихроҷ шудаанд.

Боуржон Елесиузов, раҳбари идораи полиси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ба Интерфакс гуфт, ки 117 муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла 10 зану 7 кудак шабонгоҳи сешанбе дар шаҳри Чимкент боздошт шуданд.

Ин афрод билофосила ба автобус савор ва ба Узбакистон бозпас фиристода шудаанд ва пулиси ин кишвар саранҷом онҳоро ба Тоҷикистон хоҳад расонд.

Ба иттилои идораи муҳоҷирати вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, ин нахустин гуруҳи муҳоҷирини ғайриқонунии тоҷик аст, ки соли равон аз ин устон берун карда мешаванд. Ба иттилои ҳамин идора, соли гузашта 300 муҳоҷири тоҷик аз вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ депортатсия шудаанд.

XS
SM
MD
LG