Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаҳои парлумон тағйиру иловаҳо ба матни Қонуни Асосиро баррасӣ кардаанд



Мирзонабии Холиқзод

Пешниҳодоти ҷамъшуда дар комиссияи ҳамоҳангсози Маҷлиси Намояндагон ҷамъбаст хоҳанд шуд.

Ахиран бо дастури комиссияи ҳамоҳангсозии порлумон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба матни Қонуни Асосии Тоҷикистон кумитаҳои палатаи поёнӣ ба муҳокимаи банду моддаҳои Конститутсия шуруъ карданд.

Ин комиссия 24-уми моҳи феврал созмон дода шуд ва сарварии онро Абдумаҷид Достиев, муовини раиси Маҷлиси Намояндагон ба душ дорад. Узви комиссия, намояндаи кумитаи дифоъ ва амнияти порлумон Тухта Почомуллоев дар робита ба наҳваи баррасии бобҳо ва моддаҳои Қонуни Асосӣ мегуяд:

"График сохта шудааст. Ва мувофиқи ин график ҳар як намояндаи комиссия ба кумитаҳо рафта, ҳамаи фикру мулоҳизаҳоро ҷамъ оварда, сониян ҳамаро дар ин ҷо ҷамъбаст кунад. То таърихи 20-ум бояд ҳамаро ҷамъбаст кунем. Аъзои комиссия фикри ҳамаи кумитаҳоро ҷамъбаст карда, ба як хулоса меояд ва баъд инро Шурои Маҷлис як бори дигар мебинад."

Дар ҳоли ҳозир чандин кумита илова ба бозбинии 31 пешниҳоди пешин банду бобҳои дигарро низ ислоҳ намуда, фикру назари худро барои тағйиру иловаҳо ҷадидан пешниҳод кардааст. Ба назари узви кумитаи Аграрии Маҷлиси Намояндагон оқои Насруллоев, шумораи пешниҳодҳо афзуда, теъдоди онҳо аз 50 гузаштааст.

Ба назари коршиносон, Маҷлиси Олӣ мехоҳад бо баҳонаи пешниҳодҳо матни пурраи Қонуни Асосиро мавриди бозбинӣ қарор дода, барои тағйир додани моддаҳои баҳсбарангези 65-ум ва 28-уми Конститутсияи Тоҷикистон замина фароҳам орад.

Пешниҳод дар мавриди бардоштани банди 4-уми моддаи 65, яъне аз байн бурдани маҳдудияти якдафъаинаи муҳлати 7-солаи президентӣ дар Тоҷикистон назарҳои гуногунеро дар байни неруҳои сиёсии кишвар пеш овард. Вале бархе аз депутатҳо мегуянд, аксари намояндагони порлумон ҷонибдори бардоштани ин маҳдудият мебошанд.

Оқои Насруллоев, намояндаи кумитаи аграрии Маҷлиси Намояндагон дар мавриди моддаи 65-ум ба ин назар аст:" Маҳдудият бояд, албатта, бардошта шавад. Барои он ки панҷсола барои одам фақат як омузиш аст. Ё ҳафтсола. Агар ду даъват ё се даъват интихоб шавад, шояд барои пешравии ҷомеа аҳамияти калон дошта бошад."

Аммо Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, узви кумитаи равобити байнулмилалии Маҷлиси Намояндагон мегуяд, агар ҳадаф танҳо ин бошад, ки президент Раҳмонов дар давраи оянда ҳам номзадии худро барои дарёфти курсии раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кунад, ин як иштибоҳи сиёсӣ ва поймол намудани арзишҳои демократӣ аст. Аммо аз суи дигар, чунин наҳваи расидагӣ ба Қонуни Асосӣ ба қавонини байнулмилалӣ ҷавобгу мебошад ё на?

Муҳаммадшарифи Ҳимматзода: "Аъзои кумитаи мо, вақте мо ин масъаларо баррасӣ кардем, танҳо се нафар будем. Фикр мекунам, аксар ҷонибдор ҳастанд ин пешниҳодҳоро. Мо мегуем, ки ягона шахсе, ки метавонад ва ҷумҳуриро сарҷамъ кардааст, Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов аст ва барои у имкон дода шавад, ки бори дигар ҳам тавонад номзад шавад. Лекин ин ҷо созмонҳои байнулмилалӣ чӣ мавқеъ доранд? Мо дар як ҷангале зиндагӣ намекунем. Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва қонунҳое ки қабул мекунад, бояд мутобиқ бошад ба ҳамон стандартҳо ва меъёрҳои байнулмилалӣ."

Ахиран намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Владимир Сотиров бо раиси Ҳизби Наҳзати Ислом Саид Абдулоҳи Нурӣ дар масъалаи пешниҳодҳо мулоқот анҷом дод. Ба думболи ин дидор оқои Сотиров бо раиси комиссияи пешниҳодҳои порлумон Абдумаҷид Достиев низ гуфтугу кардааст. Владимир Сотиров ба ин назар аст, ки феълан бо назару афкори нируҳои сиёсии Тоҷикистон ошно хоҳад шуд ва танҳо баъд аз он мавқеъи худро эълом хоҳад дошт.

Ба ин тартиб пешниҳодҳо дар кумитаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас хулосаи намояндагони маҷлиси поёнӣ ба шурои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мешавад.

Шуро пешниҳодҳои кумисияи тарафи ҳукуматро низ баррасй мекунад ва рузи баргузории ҷаласаи якҷояи маҷлиси миллй ва маҷлиси намояндагонро элон медорад. Дар ин ҷаласа президент Раҳмонуф рузи баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди тағйиру иловаҳо ба қонуни асосиро мушаххас мекунад. То баргузории референдум матни тағйиру иловаҳо аз тариқи матбуот ба муҳокимаи умум гузошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG