Пайвандҳои дастрасӣ

Ду қочоқбари дигар дар ноҳияи Айнӣ бо 104 кило ҳероин боздошт шуд



Мирзои Салимпур



Маъмурони идораи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар умури мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил рузи 3-юми март дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ду қочоқбари маводи мухаддирро бо миқдори бузурги ҳероин дастгир кардаанд. Дар замони боздошт аз ҳар дуи онҳо 104 кило ҳероин пайдо ва мусодира шудааст.

Маҳмад Мирзоев, раиси ин идора ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфт, ҳар ду нафари боздоштшуда узви як гуруҳи муташаккили қочоқбар будаанд ва амалиёти рузи 3-юми март дар идомаи ҳамон як амалиёти вижаест, ки маъмурони ин вазорат дар 19-уми моҳи феврал бо мусодираи 345 кило ҳероин дар ҳамин ноҳияи Айнӣ ба он оғоз гузоштанд. Дар пай дар шаҳри Истаравшан се қочоқбари дигар бо 56 кило ҳероин ба даст афтиданд.

Маҷмуъан дар ҷараёни ин амалиёти хос дар шимоли кишвар 511 кило ҳероин кашф ва мусодира шудааст. Маҳмад Мирзоев мегуяд, дастгирии ду нафари охир дар натиҷаи бозҷуии онҳое муяссар шудааст, ки дар таърихи 19-уми феврал дастгир шуда буданд.

Мақомоти интизомӣ ба хотири ҳифзи сирри тафтишот аз бурдани ному насаби афроди дастгиршуда то ҳол худдорӣ мекунад.

Генерали милиса Тоҳир Норматов ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ин гуруҳи ҷиноӣ хусусияти байнулмилалӣ ва фаромарзӣ дошта, амалиёти мақомот алайҳи онҳо то кашфи тамоми шохаҳои ин шабака идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG