Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ муовини собиқи раиси шаҳри Душанберо ба 16 соли зиндон маҳкум кард



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Додгоҳи шаҳри Душанбе муовини собиқи раиси ҳукумати пойтахти Тоҷикистон Кароматулло Ятимовро ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Додистонии кулли Тоҷикистон оқои Ятимовро дар дуздии моли ғайр ба андозаи бузург ва суистифода аз мақоми давлатӣ муттаҳам карда буд.

Кароматулло Ятимов соли 1993 тавассути Шурои намояндагони мардуми шаҳри Душанбе ба симати муовини раиси кумитаи иҷроияи ин шаҳр ва баъдан бо фармони мири Душанбе муовини аввали раиси ҳукумати пойтахт таъйин шуд.

У то соли 1996, ки дар ин мақом қарор дошт, ба андозаи беш аз 1 милён долларро, ки бояд дар ивази фуруши пахта ба ҳисоби шаҳрдорӣ ворид мекард, барои манофеъи шахсияш истифода кардааст.

XS
SM
MD
LG