Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари зери хок мондани боз як деҳа дар ноҳияи Кулоб вуҷуд дорад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Хатари кучидани теппа ба болои як деҳаи дигари ноҳияи Кулоб таҳдид мекунад. Ин иттилоъро хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли муовини вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Абдураҳим Раҷабов интишор додааст.

Гуфта мешавад, ин деҳа бо номи Офтобру воқеъ дар хоҷагии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад ва дорои беш аз 300 хонавода аст.

Оқои Раҷабов гуфтааст, дар теппаи воқеъ дар наздикии ин деҳ рахнаи бузурге ба мушоҳида мерасад ва нишонаҳое аз лағзиши замин дида мешаванд.

Дар ин деҳа кормандони вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба мардум дар мавриди иттихози тадобир дар сурати бурузи ҳодиса омузиш медиҳанд.

Чанд руз қабл дар асари кучидани теппа дар деҳи Камари ҳамин минтақа чандин манзил зери хок монд.

XS
SM
MD
LG