Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боридани барф бар мушкилоти аҳли Душанбе афзуд



Сафаргули Олимӣ

Боришот ҳаракати нақлиёт дар ҷодаҳоро душвор ва интиқоли газу барқбарои бархе аз манотиқи пойтахтро маҳдуд кардааст.

Барфе, ки дар пойтахти Тоҷикистон ва манотиқи дигари он борид, ҳаракати нақлиёт ва равуои мардумро дар хиёбонҳои шаҳр мушкил сохт. Бо ин вуҷуд, ки нақлиёти мусофирбар ҳаракат мекунад, вале дар истгоҳҳо ва роҳҳо мардум гуруҳ-гуруҳ пиёда роҳ мепаймоянд.

То кунун масъалаи газ ва набудани барқ дар манзилҳои зисти пойтахт зиндагии мардумро мушкилтар намуда, дар баъзе минтақаҳо истгоҳҳои барқрасон тахриб шудаанд.

Сокини яке аз маҳаллаҳои пойтахт Зайнаб Иброҳимова мегӯяд: "Ман кудаки ширмак дорам, чӣ кор кунем, ки барқ нест. Ҳамин ки фасли хунукӣ омад, барқ нест мешавад. Газ ҳам рузона як ё ду соат медиҳанд, вале ҳар сари моҳ пули моҳонаашро пурра ҷамъ мекунанд. Ман 5 кудак дорам, вале на худам кор мекунам ва на шавҳарам. Аз ҳеҷ куҷо ёрдампулӣ ҳам намегирем. Бар замми ин , барқу газ пайваста моро чунин ғам медиҳад."

Як шаҳрванди дигар, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мепурсад, ки то ба кай мо дар чунин шароити ногувор зиндагӣ хоҳем кард? Чаро дар маркази шаҳр тамоми шароитҳо барои зист муҳаёст, вале дар канораҳои пойтахт, ҳамин ки каме барф борид, бисёр азоб мекашем? У афзуд:" Мо, сокинони маҳаллаи Испечак-2, ҳарчанд кудакони хурд дорем, ҳама вақт газу барқ надорем. Хонаҳо пури кудак, вале дар вақти барфу борон ҳамеша азоб мекашем."

Хонум Ситора, ки дар истгоҳ беш аз як соат боз интизори нақлиёт буд, мегуяд, дар солҳои пешин, ҳамин ки барфи зиёд меборид, нақлиёти махсуси умури шаҳрдорӣ субҳи барвақт роҳҳоро аз барф тоза мекард ва намак мепошид, то зудтар ях об шавад. Аммо чаро ҳоло роҳҳоро тоза намекунанд?

Сардори ситоди вазорати ҳолатҳои фавқулодда Маҳмадулло Ҳалимов мегуяд, баъди боридани ин барф дар навоҳии баландкӯҳ боз фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Вай афзуд:"Ин барф ба сар задани ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард. Махсусан, ба сар задани ҳар гуна садамаҳои техникӣ, фаромадани тарма ва амсоли онҳо. То ҳол маълумоте дар ин бора нест. Фақат баъзе роҳҳо банд буданд, вале ҳоло дар пайи фаъолияти хадамот ҳамаи роҳҳо кушода шудаанд."

Муҳандиси маркази обу ҳавосанҷӣ Полина Бокова ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як шабонарузи гузашта, тибқи омори ин идора, дар баландкуҳҳо аз 2 то 4 сантиметр ва дар водиҳо то 7 сантиметр барф борида, дар тули моҳи март идома ёфтани боришоти барф аз эҳтимол дур нест.

Як сокини рустабори Душанбе, ки худро Татяна ном бурд, аз вазъи ба амал омада чунин шикоят кард: "Чун барф борид, аҳволи мо ана ҳамин хел бад мешавад. На газ ҳаст, на барқ ҳаст,таҳхонаҳоямон пур аз об шудааст, вале ягон кас парвои мо надорад. Худамон пул ҷамъ карда,тармим мекунем. Масъулин ягон бор аз аҳволи мардум хабар намегиранд."

Омузгори мактаби миёна хонум Давлатова мегуяд, синфхонаҳои мактаб чунон сарданд, ки чандин хонанда бемор шудааст. Ва худи омӯзгорон ҳам дар тан либосҳои гарм дарс медиҳанд. Вай мегуяд, маҷбурем дар ин хел ҳаво бачаҳоро ҷавоб диҳем ва худамон низ ба хонаҳои аз мактаб ҳам сардтарамон баргардем. Вай афзуд: "Интиқоли газ дар хонаҳо чунон паст аст, ки ҳатто чойро намеҷушонад. Хурок ҳам пухта намешавад."

То замоне, ки ин гузориш омода мешуд, дар шаҳр ҳамчунон барф меборид. Бар асоси маълумоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, боришоти барф чанд рӯз идома меёбад ва мумкин ҳаст, то охири моҳи март боз чанд дафъаи дигар барф борад.

XS
SM
MD
LG