Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 100 кило ҳероин мусодира шуд



Тоҳири Сафар



Гуруҳи марзбонии рус дар Тоҷикистон гуфт, тайи рузҳои 2 ва 3 март дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 100 килограмм маводи мухаддир кашф ва забт шудааст.

Рузи якшанбе сарҳадбонони рус дар минтақаи марзии Маскав аз як пинҳонгоҳ 11 кило ҳероин ёфт карда, дар минтақаи марзии Панҷ аз як махфигоҳ 95 кило ҳероин гирифтанд.

Ба гуфтаи марзбонони рус аз оғози сол то кунун дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1 тонна маводи муххадир аз ҷумла 620 кило ҳероин мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG