Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду сокини Бадахшон зери тарма мондааст



Салими Аюбзод



Рузҳои шанбе ва якшанбе боз ду нафар аз сокинони Тоҷикистон зери тарма монда, ҳалок шуданд. Ҷасади ду наврасро, ки сокинони деҳаи Бидруди Бадахшон будаанд, ҳамдеҳаҳояшон аз зери барф берун кашиданд, аммо сарнавишти се сокини деҳаи Хичихи ноҳияи Роштқалъа номаълум боқӣ мемонад.

Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари бориши барфи зиёд ва фуруд омадани ярчу тарма рузҳои ахир ҳаракати нақлиёт қариб дар ҳамаи шоҳроҳҳои асосии кишвар соатҳои дароз қатъ шуд. Садҳо автомобил ва мошини боркаш дар роҳҳои Хоруғ-Душанбе ва Душанбе-Кулоб, дар ду самт аз ағбаи Чормағзак дармонданд.

Зиёни расида аз бориши барф ва тармафуроиро коршиносони вазорати ҳолатҳои фавқуллода беш аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд.



XS
SM
MD
LG