Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳдии Карубӣ ба Душанбе сафар мекунад



Тоҳири Сафар





Меҳдии Карубӣ, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон рузи сешанбе, 4 март сафари серузаро дар Тоҷикистон оғоз мекунад.

Бино бар иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин сафар раиси парлумони Эрон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дидор ва масоили рушди ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодӣ, вазъи минтақа ва буҳрони атрофи Ироқро баррасӣ мекунад.

Раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон ҳамчунин бо раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев дидор ва гуфтугу мекунад.



XS
SM
MD
LG