Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви фаъоли Ҳизб-ут-Таҳрир дар Душанбе боздошт шуд



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба хабари хабаргузории ИТАР-ТАСС, кормандони интизомии Тоҷикистон, 28 феврал яке аз фаъолони "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро, ки сокини шаҳри Душанбест, боздошт кардаанд. Ҳангоми тафтиш аз хонаи вай ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ варақаҳои таблиғотии зиддидавлатӣ пайдо шудааст.

Моҳи феврал дар Тоҷикистон даҳ нафар аз аъзои ин ҳизби тундрави исломӣ боздошт ва дар шимоли кишвар матбааи ин ҳизб ошкор шуд.

ИТАР-ТАСС аз қавли хадамоти амниятии Тоҷикистон менависад, фаъолияти ин ҳизбро созмонҳои байнулмилалии террористӣ, аз ҷумла, Ал-Қоида сармоягузорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG