Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал:"Тоҷикистон як роҳи аслии қочоқи маводи мухаддир боқӣ мондааст"



Мирзонабии Холиқзод

Генерали тоҷик Рустам Назаров мегӯяд, ин кишвар дар шароити феълӣ ба танҳоӣ қодир нест, аз қочоқи афзояндаи маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунад.

"Қочоқ ва ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир дар марзҳо ва дар дохили Тоҷикистон ҳамчунон меафзояд" - ин нуктаро Сергей Божко, намояндаи Барномаи созмони Миллал дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, 28 феврал дар як нишасти матбуотй дар шаҳри Душанбе баён дошт.

Дар муддати ду моҳи соли равон ҳудуди 1500 кило маводи мухаддир дар манотиқи марзӣ ва дар дохили Тоҷикистон кашфу мусодира шудааст. Оғои Божко намояндаи Созмони миллал дар мавзуи афзоиши ҳамлу нақли маводи мухаддир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нигаронӣ таъкид кард ва гуфт:"Бале дар чунин як фасли сол ба як борагӣ бо теъдоди зиёд боздошт шудани маводи мухаддир барои мо ҷои изтиробу нигаронӣ аст, вале аз суи дигар ин натиҷаи муборизаи фаъоли марзбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон ва сарҳадбонони худи Тоҷикистон бо гурӯҳҳои мафиёии қочоқбари афғон мебошад."

Бар асоси гузориши Созмони Миллали Муттаҳид, дар соли 2001 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 10 тонна маводи мухаддир мусодира ва кашф шудааст, ки 80 дар сади он танҳо дар Тоҷикистон ба даст омадааст.

Гузориши Созмони Милали Муттаҳид бо такя ба манобеи ғайримустақими Русия овардааст:"Тақрибан ҳар сол аз Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии Русия ҳудуди 100 тон маводи мухадир ворид мешавад."

Аммо раиси Оҷонсии назорат бар гардиши ғайрқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон Рустам Назаров гуфт, на ҳамаи маълумоте, ки дар гузориши Созмони Миллал ишора шудааст, боварибахш мебошанд.

Вай аз қавли як манбаи мустақими Русия аз як нишасти матбуотии генерал Манилов сарвари раёсати марзбонии Русия мисол овард ва гуфт:"Ба қавли генерал Манилов 50 дар сади маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба берун меравад аз тариқи Покистон ва Ирон мегузаранд. 35 дар сад аз роҳи Туркманистон ва 15 дар сад аз Тоҷикистон мегузарад."

Оғои Назаров афзуд, Узбакистон дар ин гузориш аслан ишора нашудааст, ҳол он ки ба Узбакистон низ маводи мухаддир ворид мешавад ва ин мутаассифона як норушанӣ дар гузориши Созмони Миллал мебошад.

Оғои Назаров ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди носуфтагиҳо дар гузориши Созмони Миллал, Тоҷикистон ҳамчунон яке аз гузаргоҳҳои маводи мухаддир боқӣ мемонад ва дар танҳоӣ наметавонад алайҳи он мубориза кунад.

Бар асоси гузориши Созмони Милал дар Тоҷикистон густариши истеъмоли маводи мухаддир ва афзоиши муътодон мушоҳида мешавад. Дар кишварҳои Осиёи Марказй ба ҳар 10 ҳазор аҳолии ин минтақа 720 муътод рост меояд.

Дар аксари кишварҳои Осиёи Марказй парвариши растании ваҳшии эфедра ё зағоса мушоҳида шудааст ки ин намунаи алаф ва доруҳои кимиёвии дигар ба монанди метамфетамин барои дар хонаҳо омода кардани маводи мухаддир истифода мешавад. Бар асоси гузориши Созмони Миллали Муттаҳид, чунин усули кор барои афзоиши муътодони маводи мухаддир мусоидат хоҳад кард.



XS
SM
MD
LG