Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ барномаи нави кумак ба Тоҷикистонро тасдиқ кард



Хиромон Бақозода

Тибқи барнома ин созмони ҷаҳонии молиявӣ ба Тоҷикистон дар зарфи ду сол 80 миллион доллар қарз хоҳад дод.

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ, рӯзи панҷшанбе, 27 феврал барномаи нави кумак ба Тоҷикистонро баррасӣ ва тасдиқ кард. Тибқи барномаи нав Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуд бахшидан ба иқтисоди нобасомон ва гирифтори Тоҷикистон ба ин кишвар солҳои 2003 то 2005-ум 80 миллион доллар қарз ва кумакҳои фаннӣ хоҳад дод.

Дар баёнияи матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, кӯмаку қарзҳои пешбинишуда аслан барои амалисозии Барномаи миллии коҳиши фақр дар Тоҷикистон, ки июни соли 2002-ум аз ҷониби парламент тасдиқ шуда буд, масраф хоҳанд шуд.

Чевдет Денизер раҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ҳадафи аслии барномаи нави Бонки Ҷаҳонӣ боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон аст.

Дар баёнияи ин созмони ҷаҳонии молиявӣ гуфта мешавад, бо вуҷуди суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба даст омадааст, иқтисоди ин кишвар ҳамчунон бо мушкилоти зиёд даст ба гиребон аст.

Қарзи хориҷии зиёд, ки беш аз 980 миллион долларро ташкил медиҳад, ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба коргузорӣ дар иқтисод таъсири манфӣ мерасонад ва имконоти ҳукуматро дар коҳиш додани камбизоатӣ маҳдуд месозад.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, 80 дар сади мардуми Тоҷикистон фақиру нодор ҳастанд. Тақрибан дар ҳама ҷо ва ҳамаро қашшоқӣ фаро гирифтааст, мардум маоши ночиз доранд, имконоти дарёфти кор ва музди меҳнат маҳдуд аст, дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ ва маърифатӣ, оби нушокӣ ва хизматрасонии коммуналӣ низ ҳамчунин.

Бинобар ин омилҳо барномаи нави кумаки Бонки Ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби барномаи коҳиши фақр ба се ҳадаф таммаркуз медиҳад.

Аввал беҳбуди инфраструктураҳои иҷтимоӣ, яъне таҷдиди хадамоти беҳдоштӣ, беҳбуди системаи маориф.

Дуввум рушди иқтисод бо воситаи кумак ба бахши хусусӣ. Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт барои тоҷирону соҳибкорони мустақил, хоҷагиҳои деҳқонӣ вомҳои хурд медиҳад, то ба рушди фаъолияти соҳибкории онҳо мусоидат кунад. Бахши саввуми қарзу кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ барои тақвияти сохтори идорӣ ва босамаргардонии онҳо истифода мешаванд, ки бидуни ин гуна сохтор рушди иқтисод номумкин аст.

Барномаи нав ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин ба ислоҳот дар низоми бонкдорӣ, идораҳои гумрук ва андоз таммаркуз хоҳад дод.

Барномаи пешини кумаки Бонки Ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон аз соли 1999 то 2001 ум дар ин кишвар амалӣ шудааст. Дар ин муддат Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ 165 миллион доллар қарз ва кумакҳои фаннӣ дарёфт кардааст. Аз ҳисоби ин қарзу кумакҳо, Тоҷикистон инфраструктураҳои деҳот тармим намуда, ҳамчунин онро барои ислоҳи сохтори идорӣ, хусусигардонӣ, беҳбуди вазъи макотибу бемористонҳо масраф кардааст.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, талошҳои ин ниҳод ва қарзҳову кумакҳои мазкур натиҷаҳои мусбат додаанд. Аз ҷумла дар манотиқе, ки беш аз ним миллион нафар зиндагӣ доранд, 184 лоиҳаҳои хурд амалӣ шуда, 20 мактаб тармим дидаанд. Ҳамчунин 10 колхоз тағйири шакл намуда, ба 300 хоҷагии деҳқонии мустақил табдил дода шудааст. Илова бар ин аз ҳисоби ин қарзҳо 41 пул, 40 бемористон, 105 километр роҳ, ва шабакаҳои обрасонӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуда буданд, тармиму таҷдид шудаанд.

XS
SM
MD
LG