Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҷиаи Дараи Камар



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Кучидани куҳ 60 манзили ин деҳаро ба зери хок бурд.

Соати 5-и субҳи чоршанбеи 26-уми феврал пораи куҳ деҳаи Дараи Камари хоҷагии ба номи Саид Алии Ҳамадонии ноҳияи Кулобро бо шумули 60 манзил ба коми нестӣ кашид. Ҳамакнун дар ҷойи ин деҳкада куҳпораи бузурги арзу тулаш беш аз 1500 метр ва баландиаш 100 метр ба вуҷуд омадааст ва рузи дуввум аст, ки ин куҳпора пайваста ба суи поён ҳаракат карда, хонаву ҳаволӣ, заминҳои кишт, ҷуйу дарё ва пулу иншооти ин минтақаро ба комаш фуру мебарад.

Сокинони ин ҷо мегуянд, ҳамагӣ ду руз пеш дар ҷойи ин куҳпора деҳаи ободе ба сар мебурд. Онҳо дар шарҳи фоҷиаи субҳи чоршанбе мегуянд:

"Ин ҳодисаи соати 5 руй дод. Танҳо гаҳвораро берун кашидем, дигар чизеро бо худ гирифта натавонистем... "

"Куҳ омад, аввал ҳамон ҷо як нонвойхона буд, онро зер кард. То кудаку сангро гирифтем, баромадем, ки дигар майда-майда ҳамаро пахш кард. Хонаи ду бародарамро, хонаи падарамро, хонаи ҳамаро... Баъд майда-майда ба хонаҳои ҳамсояҳо рафт. Аз хона фақат гаҳвораро гирфтему фақат як курпа...Медонистем, ки болои куҳ ковок шудааст, лекин намедонистем, ки кай куҳпора болои деҳа мекучад."

Мусоҳиби дигари мо Абдуҷаббор Зардиев, вакили Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва раиси хоҷагии ба номи Ҳамадонӣ аст. Аз у мепурсам, ки оё ҳаҷми умумии хисороти ворида дар асари лағзиши куҳ чӣ қадар аст ва оё талафоти ҷоние дар натиҷаи ин ҳодиса мушоҳида шудааст? Оқои Зардиев дар посух гуфт:

"Дар 60 хоҷагии ин мавзеъ 450 нафар зиндагӣ мекарданд ва ҳамаи онҳо бе хонаву дар мондаанд. Гову мол ва хонаҳои онҳо талаф шуда бошад ҳам, мо мардумро саломат берун овардем. Қисман техника зери хок монд ва қисман гову мол хзери хок мондааст. Зарари умумиро ҳануз муайян накардаем, вале мумкин ҳаст 1 ё 2 милён сомонӣ зарар шуда бошад."

Саидислом Расулов, муовини сарвари ин хоҷагӣ дар посух ба ин суол, ки оё онҳо аз вуҷуди хатари лағзиши куҳпора аз пеш хабардор будаанд ё не, гуфт: "Хатар буд. Агар хабар намебуд, чунин намешуд."

Дар соате ки мо дар ҷойи ҳодиса будем, мушоҳида кардем, ки боз як пораи бузургтари куҳ бо баландии садҳо метр ба суи шарқи деҳаи Дараи Камар лағжид ва даҳҳо нафаре, ки аз деҳоти атроф ба кумаки аҳолии деҳаи зарардида расида буданд, дар пайи лағзиши пораи нави куҳ ба суи дарёи Яхсой фирор карданд.

Дар ҳоле, ки одамон худро ба ҷойи бехатар гирифтанд, мушоҳида мешуд, ки куҳпора мошину трактор ва манзилҳои воқеъ дар канори шарқии деҳаи Камарро ба коми худ мекашад. Садҳо нафар ин манзараро медиданд, вале нируи инсонии онҳо қодир нест, ки аз идомаи фоҷеа ҷилавгирӣ кунад.

Бино бар иттилоъи маъмурони вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, ки аз оғози фоҷиа дар маҳалли ҳодиса мақар доранд, вазни куҳпора тақрибан 3, 5 милён тонна буда, пеши роҳи он сад гузоштан номумкин аст.

Пораи куҳ ҳамчун як аждаҳои афсонавӣ соат ба соат, вале ба оҳистагӣ ба суи поён ҳаракат мекунад. Ҳар сари соат теъдоди хонаҳои зери хок рафта аз дигар дақиқ карда мешавад. Ва танҳо дар зарфи он фурсате, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷойи ҳодиса буд, зери хок рафтани боз 20 манзилро ба чашм мушоҳида кард.

Маъмурони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, ки ҳаракати куҳпораро муттассил назорат мебаранд, суръати лағзиши онро то ду метр дар як соат мегуянд.

Аммо дар бархе лаҳзаҳо куҳпора бо суръати баланд пеш рафта, хонаҳои мардум ҳамчун бозичаи қоғазӣ дар зери бораи он нопадид мешаванд. Кай аз ҳаракат бозмондани куҳпора ҳатто барои мутахассисон маълум нест.

Рузи панҷшанбе дар маҳалли ҳодиса борони сел борид. Коршиносон мегуянд, сел метавонад куҳпораи лағжидаро то лаби дарё барад. Агар ярч сари роҳи дарёи Яхсойро бандад, хатари зери об мондани чанд деҳаи дигар ба вуҷуд меояд.

XS
SM
MD
LG