Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ибрози назарҳо пиромуни ҳукми эъдом дар Тоҷикистон



Абдуқаюми Қаюмзод

Танҳо дар зарфи ду моҳи аввали соли ҷорӣ додгоҳҳои Душанбе 20 нафарро ҳукми қатл додаанд.

Аз ҳар 62 нафаре, ки дар Тоҷикистон маҳкум мешавад, як нафараш ба марг маҳкум мегардад. Ин нуктаро Марк Жилбер, сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар Тоҷикистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи оқои Жилбер, додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли гузашта 220 нафарро ба эъдом маҳкум кардаанд ва иҷрои ин ҳукм дар мавриди тақрибан 100 нафари онҳо амалӣ шудааст.

Ҷаноби Жилбер мегуяд: "Ҳамасола дар Тоҷикистон аз ҳар 62 ҷинояткори мавриди муҳокима 1 нафараш ҳатман ҳукми қатл мегирад. Барои мисол, дар Қазоқистон аз 2 милён нафар танҳо 1 кас ва дар Амрико аз 3 милён маҳкум фақат 1 нафар чунин ҳукм мешавад. Чунин бармеояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар муқоиса бо аҳли Қазоқистон ва ё Амрико бештар сазовори марг будаанд."

Соҳибназарони масоили ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар мавриди ҳукми эъдом назари воҳид надоранд. Ба назари аксари онҳо, ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои лағви ҳукми қатл омода нашудааст.

Вайсиддин Фатҳуддинов, раиси додгоҳи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон, низ бо зикри ин нукта афзуд, шароити иқтисодии кишвар яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи табдили ҳукми қатл бо ҳабси якумрӣ мебошад. Вай гуфт:

"Шахсе, ки кудаки гаҳвораро куштааст, зани ҳомиларо куштааст, маълум аст, ки вайро дигар барои ҷамъият тарбия карда намешавад. Масъалагузорӣ мекунанд дар бораи табдили ҳукми қатл бо ҳабси якумра. Барои ин шароити иқтисодии давлатро фикр кардан лозим, ки оё мо вайро як умр нигоҳ дошта метавонем ва ё наметавонем. Кӣ кафолат медиҳад, ки вай баъди ду руз озод шуда, боз чанд каси дигарро намекушад? "

Аммо Марк Жилбер мегуяд, ҷазои қатл дар ҳеҷ сурат замина ва ё омили ислоҳи вазъи ҷиноии ҷомеа шуда наметавонад ва ҷазои қатлро ҳамчун фишанг барои тарс додани афроди ҷинояткор дар қонунгузорӣ ҳифз кардан роҳи дуруст нест.

Назришоҳ Убайдов, мудири мушовараи ҳуқуқӣ ва ё адвокатураи шаҳри Душанбе аз усули иҷрои ҳукми эъдом дар Тоҷикистон, ки аз роҳи паррондан сурат мегирад, ибрози нигаронӣ кард.

Вай гуфт, мувофиқи қонунҳои ҷории кишвар, ҷасади мақтул ба хешовандонаш дода намешавад. Ва ин нукта ҳам дар ин қавонин рушан нест, ки оё мақтул пас аз иҷрои ҳукм бо риояи маросими суннатӣ ба хок супурда мешавад ё не. Оқои Убайдов афзуд:

"Маҳаллаи зисти маҳкум ва дар сурати ғайр, маҳалли иқомати муваққати у ба маҳалли ҷойгиршавии додгоҳе, ки ҳукм баровардааст, огоҳнома мефиристад. Ҳамзамон хешовандони наздики маҳкум низ дар бораи иҷрои ҳукми қатл огоҳ карда мешаванд. Ҷасади маҳкум барои дафн ба хешовандонаш дода намешавад ва ҷойи дафни уро низ хабар намедиҳанд."

Дар ҳоли ҳозир, дар қонунгузории Тоҷикистон 13 модда ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар Душанбе 20 нафар бо ҳукми додгоҳ ба марг маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG