Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон қасди муҳоҷират дорад



Соҷидаи Мирзо

Дастмузди муҳоҷирон як василаи асосии пешбурди рузгори хонаводаҳои тоҷик шудааст.



Коршиносони Вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сатҳи муҳоҷирати корӣ дар соли 2003-юмро баробар ба андозаи соли гузашта пешбинӣ мекунанд ва мегуянд, ҳар як дуюмин шаҳрванди қобили кор, тахминан 900 ҳазор нафар, барои ҷустуҷуи маоши беҳтар ба хориҷи кишвар, асосан ба Русия хоҳанд рафт.

Барои сафари Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон виза ё раводид тақозо намешавад. Ин гуна имконият сафар ба Русия ва дарёфти ҷойи кор дар иқтисоди пасипардагии ин кишварро нисбатан осон мекунад.

Аммо аз суи дигар муҳоҷиронро ба ҷабри кордиҳандаи ноодил ва пулиси ришвахори рус гирифтор месозад, ки яке танҳо нисфи ҳаққи заҳмати коргарро медиҳад, дигаре аз ҳамон маоши нима ҳақ меситонад.

Авохири соли гузашта пулиси Русия гуруҳи муҳоҷирони кории тоҷикро намоишкорона аз қаламрави кишвар хориҷ кард ва бо ин роҳро барои таъқиби онҳо дар мавсими кории имсола ҳамвор намуд.

Мақомоти Тоҷикистон барои танзими ҷараёни муҳоҷирати корӣ талош дорад. Аммо танҳо шаш муассисаи эътирофшудаи Русия розӣ шудааст, ки ба кормандони тоҷик ҷойи кор диҳад ва шаш ширкати дигар низ тақозои иҷоза кардааст. Аммо ин ширкатҳо наметавонанд ҳамаи муҳоҷирони иқтисодии тоҷикро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

Аз суи дигар, ба гуфтаи Игор Боск, раиси Созмони Байнулмилалии муҳоҷират, аксар муҳоҷирони кории тоҷик ҳунари бозоргир надоранд:

"Муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон асосан тамоюли номуназзам дорад. Мутаассифона, муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳунаре, ки дар бозорҳои замонавии кори Русия тақозо мешаванд, бархурдор нестанд ва бинобар ин онҳо асосан шуғли номуназзам доранд, ки ба сектори хусусӣ фоида меорад."

Моҳи декабри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон Барномаи муҳоҷирати корӣ барои солҳои 2003 - 2005-умро қабул кард. Ин барнома метавонад ҳифзи иҷтимоӣ ва қонунии коргарони мавсимӣ дар хориҷи Тоҷикистонро таъмин кунад, пеши роҳи муҳоҷирати ғайриқонуниро бигирад ва маҳорати касбии муҳоҷиронро афзоиш диҳад. Аммо гуфта мешавад, ҳатто дар сурати татбиқи босамар, дастрасӣ ба натиҷаи мушаххаси барнома вақт мехоҳад.

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон аз мушкилоте, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои ҳар ду кишвар эҷод мекунад, хабар доранд. Ин мавзуъ авоили моҳи феврал дар музокироти намояндагони парлумони Тоҷикистону Русия дар Маскав ва моҳи гузашта дар суҳбати як ба яки руасои ҷумҳури ин ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов дар Киев баррасӣ шуд.

Сухангуи президенти Тоҷикистон Зафар Саидов дар ин робита мегуяд: Садо: "Онҳо аз лиҳози сатҳ ва ҳамияти умумидавлатӣ доштани ин масъала суҳбат кардаанд. Бо президенти Русия ҷаноби Путин ин масъала баррасӣ шуд ва ҳам аҳду паймон шуд, ки ҳамкорӣ дар ин самт тақвият меёбад. Ва онҳое, ки дар депортатсияи тааҷҷубангези як гуруҳи шаҳрвандони мо даст доштанд, ҳамаи онҳо ҷазо гирифтанд. Аз ҷумла, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ҳамаи онҳо аз система ронда шуданд."

Бо вуҷуди тадобири пешгирӣ аз ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ ё берун аз созишҳои байнидавлатӣ, гумон аст, ки теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия коҳиш ёбад. Зеро ширкатҳои русӣ аз нируи арзони корӣ баҳра мебардоранд ва оилаҳои тоҷик аз пули муҳоҷирони меҳнатӣ руз мегузаронанд.

Ба гуфтаи матбуоти Русия, маблағи муҳоҷирати корӣ аз ҳаҷми буҷаи 200-милёндолларии Тоҷикистон барои соли 2003-юм бештар аст. Аммо Игор Боск бо такя ба маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегуяд, соли 2002-юм муҳоҷирони корӣ ба кишвар тақрибан 80 миллон доллар ворид кардаанд.

XS
SM
MD
LG