Пайвандҳои дастрасӣ

Рузгори пурмушкили нобиноёни тоҷик



Сафаргули Олимӣ

Аз даст додани ҳуқуқ ва имтиёзҳои пешин нобиноҳоро маҷбур ба мардикорӣ ва гадоӣ мекунад.



Раиси ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон Турдибек Давлатов шумораи афроди нобино ва ё ба истилоҳ қориён дар кишварро 9 000 нафар мегуяд ва меафзояд, 1200 нафари онҳо кудакони ноболиғ мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои онҳо имтиёз додааст, ки танҳо нисфи андозҳо ва пардохтҳои коммуналиро пардохта, аз нақлиёти шаҳрӣ ба таври ройгон истифода баранд.

Ва аммо нобиноён умдатан аз истифодаи аксарияти кулли ҳуқуқи худ маҳрум мондаанд. Турдибек Давлатов мегуяд:

"Маъюбони гуруҳи аввалу дуввум имруз танҳо имтиёзи 50-фоиза барои хонапулӣ доранду қувваи барқу барои газ. Дигар имтиёзе нест барои нобиноҳо. Имтиёзҳо барои нақлиёти давлатӣ буданд. Нақлиёт ҳозир ҳама шахсиву иҷоравӣ шудааст ва онҳо ҳеҷ гуна имтиёзеро барои мо ба ҳисоб намегиранд. Мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, онҳо ваъда доданд, ки дар рузҳои наздик ин масъаларо баррасӣ мекунанд, вале то ҳол ин масъала роҳи ҳалл пайдо накардааст."

Ҳусайни Маҳмудзод, як сокини нобинои шаҳри Душанбе мегуяд, дар солҳои шуравӣ 15-уми ноябр ҳамчун рузи ҷаҳонии нобиноён таҷлил мешуд, ки ҳоло аз ёд рафтааст. Вай афзуд:

" Раҳбарияти феълӣ нисбат ба мо, нобиноён як навъ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунад. Ҳамаруза мешунавем, ки ба ин ё он мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ компутарҳои замонавӣ тақдим кардаанд. Магар мо, нобиноён, аъзои ҳамин ҷомеъа нестем, ки аз мо сарфи назар мекунанд. Мо мехостем, ки дар сурати мумкин барои мо лоақал он чизе, ки буд, зинда карда шавад. Аз ҷумла, китобҳое, ки бо ҳуруфи Брайн, яъне бо ҳуруфи нобиноҳо чоп шуда буданд ва мутаассионф ҳоло нест, аммо мо дар кишварҳои дигар китобҳои гуёро мушоҳида кардем ва хуб мешуд, ки агар барои мо ба шакли фитаву навор чунин китобҳои гуё чоп мекарданд. Мо ҳам мехоҳем, ки дорои чунин шароит ва имконот бошем, албатта."

Ягона мактаб барои кудакони нобино дар ноҳияи Ҳисор дар солҳои пешин бо асбобу ашёи махсус барои чунин афроди маъюб таъмин ва муҷаҳҳаз буд ва барои нобиноҳо корхонаҳои вижае вуҷуд доштанд. Давлати шуравӣ аз нируи нобиноён ба таври комил истифода мебурд.

Алъон аз он шароит ва он зиндагии боимтиёз чизе боқӣ намондааст.Нафақаи бознишастагии онҳо феълан аз 5 то 10 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили тақирбан 3 доллари амрикоист.

Аз ин ру, нобиноён маҷбуранд, мардикорӣ ва ё талабандагӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG