Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаҳои ҷадид дар роҳи сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия



Мирзои Салимпур

Узбакистон аз мусофирони тамоми қаторҳои Тоҷикистон, ҳатто дар масири Душанбе-Конибодом, талаби шиносномаи хориҷӣ кардааст.

Ҳамасола бо расидани фасли гармо ҳудуди 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон ба қасди мардикорӣ озими Русия мешавад. Имсол ба фарқ аз солҳои пешин шумораи масирҳое, ки аз роҳҳои заминиву ҳавоӣ мусофирони тоҷикро ба Русия мерасонанд, ба маротиб бештар шудааст.

Хатти сайри қатори Душанбе-Аштархон ва Кулоб-Аштархон мунтазам фаъолият дошта, шумораи парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбеву Кулоб ва Қурғонтеппаву Хуҷанд ба самти шаҳрҳои Русияву Қазоқистон низ афзоиш ёфтааст. Ва ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамзамон дар мавриди ҳафтае ду маротиба сар додани ҳаракати қатори Душанбе-Маскав бо ҷониби Русия тавофуқ кардааст.

Тавре ба назар мерасад, муҳоҷирини тоҷик дар роҳи сафар ба Русия дар соли ҷорӣ аз лиҳози васоили нақлия мушкил нахоҳанд дошт. Аммо монеаҳое, ки кишварҳои ҳамсоя дар роҳи убуру мурури мусофирони тоҷик эҷод мекунанд, ҳамчунон барҷой монда ва ҳатто шадидтар шудааст.

Амонхоҷа Ҳоҷибеков, муовини раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегуяд, танҳо дар масири Душанбе-Аштархон мусофирони тоҷик 144 дафъа мавриди тафтишу назорат қарор мегиранд ва аз чор рузи сафар тақрибан як рузро фақат сарфи иҷрои муқаррароти убуру мурури марзи кишварҳои ҷавори роҳ мекунанд:

"Дар қаторҳое, ки аз Душанбе ба Аштархон мераванд, зиёда аз 25 посгоҳи муқарраршуда ҳаст, ки дар он ҷо мусофир, албатта, шартан бояд истад ва дар ҳар ҷо дар паспорташ муҳр монад. Як бор ё ду бор мераваду паспортро партофтанаш даркор. Умуман посгоҳҳое, ки тафтиш мекунанд, 144 маротиба тафтишот мебаранд. Ва новобаста аз он, ки соат сеи шаб аст, мусофир хоб рафтааст, бедор аст ё дам гирифта истодааст. Фарқаш нест."

Гузашта аз ин, мақомоти Тошканд аз мусофирони тамоми қаторҳои Тоҷикистон талаби шиносномаи хориҷӣ кардаанд. Ҳатто дар сурати сафари онҳо дар хатти сайри Душанбе--Конибодом, ки низ аз роҳи Узбакистон сурат гирифта, дар тамоми тули фасли сармо ягона роҳи иртиботи минтақаҳои ҷанубу маркази Тоҷикистон бо шимоли ин кишвар маҳсуб мешавад.

Амонхоҷа Ҳоҷибеков мегуяд, фақат дар вилояти Суғд беш аз ду миллион нафар ба сар мебаранд ва давлати Тоҷикистон аз лиҳози моливу фаннӣ тавони таъмини дарзамонии ҳамаи онҳо бо шиносномаҳои хориҷиро надорад:

"Зиёда аз 2,2 миллион аз аҳолии Тоҷикистон дар шимоли он зиндагонӣ мекунад. Мо наметавонем барои ҳамаи онҳо паспорти хориҷӣ гирем. Узбакистон аз мо талаб мекунад, ки барои ҳар як гражданини Тоҷикистон, ки бо таври транзит бо қатори роҳи оҳани Тоҷикистон аз Узбакистон мегузарад, паспорти хориҷӣ даркор аст. Вай аз поезд намефарояд-ку! Аз Тоҷикистон ба Тоҷикистон рафта истодааст.Чӣ ҳоҷате ҳаст барои паспорти хориҷӣ доштанаш? "

Гуфтанист, ки аксари мардум ба маҳзи бенавоӣ тавони пардохти 30 доллар барои як шиносномаи хориҷиро надорад ва ҳатто роҳкирои сафари худ то Русияро бо роҳи қарз ва ё ба фуруш гузоштани чорвои хонагии худ ба даст меорад. Аз ин лиҳоз бахши аъзами муҳоҷирони тоҷик танҳо ба хотири сарфаи харҷи роҳ мусофират аз роҳи оҳанро ихтиёр мекунанд.

Дар соли гузашта фақат аз роҳи оҳан 475 000 нафар тарки қаламрави Тоҷикистон кардаанд ва интизор меравад, ки ин шумора дар соли ҷорӣ боз ду маротиба биафзояд.

Қатори Тоҷикистон дар роҳи Русия ду дафъа аз қаламрави Туркманистон, се дафъа аз ҳудуди Узбакистон ва билохира аз қаламрави Қазоқистон убур мекунад. Ва ҳангоми ҳар убуру мурури ин марзҳо мусофирон низ батакрор азият мебинанд.

Мақомоти Душанбе феълан бо ҷониби Тошканд масиреро меомузанд, ки убури ҳудуди Туркманистонро барои қаторҳои Тоҷикистон истисно ва дар маҷмуъ фосилаи роҳ то Аштархонро то 750 километр кутоҳтар гардонад, аммо ба назари коршиносон бидуни ҳалли бунёдии масъала мушкилоти мусофирони тоҷик танҳо бо ҳамин тамом нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG