Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи ҳукуматӣ консепсияи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро баррасӣ мекунад



Мирзонабии Холиқзод

Ҳизби ҳокими Тоҷикистон 31 пешниҳод таҳия кардааст ва мегӯяд ба Сарқонуни кишвар бояд тағйирот ворид шавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо баргузории як ҷаласа барои омӯзиши консепсияи нави тағйири иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон як комиссия иборат аз 14 нафар намояндагони додситониву додгоҳҳо ва парлумони кишварро таъсис дод. Сарвари ин комиссия намояндаи раисҷумҳур дар парлумон Шермаҳмад Шоев таъин шуд.

Мушовири президент оид ба масоили ҳуқуқ Раҳматулло Зоиров роҷеъ ба вазифаи аслии ин комиссия гуфт:" Ин гурӯҳ корашро анҷом медиҳад, ҳама хулосаҳо ҷамъбаст мешаванд. Имкон дорад баъзе пешниҳодҳо рад шавад, ё иловаву тағйирот ворид гарданд. Сипас қарор дар ин маврид дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон қабул мешавад.

Ва аммо пас аз анҷоми кори комиссия мазкур рушан хоҳад гашт, ки барои қабули 31 пешниҳод ба банду моддаҳои Қонуни асосӣ рӯзи баргузории ҳамапурсӣ кай хоҳад буд?

Оғои Зоиров мегӯяд, ин бастагӣ дорад ба комиссия, ки он дар кадом мӯҳлат вазифаи худро анҷом медиҳад, агар дар охири моҳи июл ё дар август ё сентябр натиҷаи кори худро эълон дорад, президент дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон референдумро эълон медорад.

Ба ин тартиб яке аз 31 пешниҳоде, ки ба моддаҳои Қонуни асосӣ шудааст, ба моддаи 65 дахл мекунад. Агар мувофиқи Конститутсияи амалкунанда як нафар танҳо барои як дафъат ба мӯҳлати 7 сол ҳаққи соҳиб шудан ба курсии раисиҷумҳурро дошта бошад, акнун мувофиқи ин пешниҳод ин маҳдудият бардошта хоҳад шуд ва як нафар метавонад бемаҳдудият номзадии худро ба мақомоти президентӣ пешниҳод кунад.

Коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ҳафдаи аслии ин тағйирот дуввумбора ба рӯи курсии президентӣ боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

Ба назари коршиносон, мардуми Тоҷикистон дар пешорӯи ҳаёти сиёсии кишвар танҳо ду нафарро мебинад, ки имконияти реалии президент шуданро доранд. Яке президенти феълӣ Раҳмонов ва дигар раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад. Яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон, раиси фраксияи Ҳизби Коммунист дар парлумон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, бояд ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишвар нисбати тағйироту иловаҳо назару андешаҳои худро баён намоянд.

Ба назари оғои Шабдолов дар соли 1997, вақте ки ҷониби оппозитсия ва ҳукумат ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид намуданд, ба ҳарфҳои Ҳизби Коммунист гӯш надоданд:"Вақте ки музокира байни ҳукумату оппозитсияи тоҷик ба амал омада буд, мо чандин пешниҳодҳо кардем, пешниҳодҳои мо нагузаштанд дар ҳамон вақт. Ислоҳот дар Конститутсия зарур аст ва ҳар кас метавонад пешниҳод намояд ҳукумати вилояти худмухтори Бадахшон, раисҷумҳур ва парлумон. Аммо пешниҳодҳое, ки шудааст вақти тулонӣ барои баррасӣ мехоҳанд ва тағйири Конститутсия кори осон нест."

Баъзе аз сиёсатмадорони дигар, ки аз сӯҳбат худдорӣ мекунанд, бо истеҳзо ба масъалаи моддаи 65 менигаранд. Онҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон Қонуни асосӣ як бозичаи манфиатхоҳии дасти як ё ду нафар гаштааст, ки барои аҳдофи худ ба ҳар тавре ки мехоҳанд, онро шакл медиҳанд.

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Марк Жилбер роҷеъ ба масъалаи тағйиру иловаҳои нав ба Қонуни асосии Тоҷикистон гуфт, танҳо аз тариқи васоити ахбори умум чунин хабарро шунидааст. Аммо вай изҳори назар кард ва афзуд:"Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон ба он иқдоме, ки мекунад ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ мухолифат нахоҳад кард. Ва умедворем ин амале, ки пеш гирифтааст, дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории кишвар хоҳад буд. Ва албатта ҳукумат руҳияи ОБСЕ-ро ҳифз мекунад ва эҳтиром мегузорад.

Ва аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, чаро пешниҳоди тағйиру илова ба моддаи 65 танҳо аз ҷониби як ҳизб, яъне Ҳизби Халқии-Демократӣ пешкаш шудааст. Дар посух ба ин суол, намояндагони парлумон мегӯянд, ҳизби мазкур аввал ин ки ҳизби ҳоким ва президент аст ва дуввум, ки дар палатаи поёнӣ ва болоӣ беш аз 80 дар сади раъйро доро мебошад.

XS
SM
MD
LG