Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

44 фоизи аҳолии қобили кор дар Тоҷикистон ҷойи кор надорад



Мирзои Салимпур

Таҳқиқоти вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон маълум кард, ки шумораи воқеъии бекорон дар кишвар аз омори расмӣ ба маротиб бештар будааст.

Бино бар маълумоти Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз соли 1991 ба ин тараф шумораи аҳолии қобили кор дар кишвар ба 821 000 нафар афзуда, ба 3 милёну 330 000 нафар нуфуз кардааст, аммо аз ин шумора танҳо 56 дар сад бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Он ҳам дар ҳоле ки дар соли 1991 78 дар сади қишри фаъоли аҳолии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин будааст.

Аскар Шарифов, мудири бахши иттилоъот дар маркази давлатии шуғли аҳолии Тоҷикистон мегуяд: "Аз соли 1991 ба ин тараф шумораи ҷойҳои кор дар Тоҷикистон ба 93 000 ҷойи кор коҳиш ёфта, шумораи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ ғайрифаъол дар соли 2002-юм ба 1 милёну 458 000 нафар барбар шудааст, ки назар ба 12 соли пеш 900 000 нафар бештар мебошад."

Вале тибқи омори расмӣ тайи 12 соли охир шумораи аҳолии бекор дар Тоҷикистон аз 8000 танҳо ба 52 000 нафар афзоиш ёфта, тақрибан 3 дар сади қишри фаъоли аҳолии кишварро ташкил додааст.

Аскар Шарифов мегуяд, мизони воқеъии бекорӣ дар кишвар аз ин омори расмӣ ба маротиб бештар аст ва таҳқиқоти соли гузашта дар чор минтақаи кишвар баргузоркардаи вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон маълум кардааст, ки 48 дар сади қишри фаъоли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб, 31 дар сад дар ноҳияи Бохтар , 36 дар сад дар шаҳри Нораку атрофи он ва ҳудуди 30 дар сади мардум дар ноҳияи Восеъ бекор будаанд. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ шумораи бекорон дар ин навоҳиро то баргузории таҳқиқоти мазкур ба маротиб камтар нишон медод.

Оқои Шарифов афзуд: "Ҳадаф аз баргузории ин таҳқиқот дар чор ноҳияи ёдшуда маълум кардани равандҳои рушди бекории ғайрирасмӣ буд. Маълум шуд, ки дар пешоруи бекорӣ занону бознишастагон ва ҷавонон ақшори аз ҳама осебпазир будаанд."

Таҳқиқоти вазорати шуғли аҳолӣ ҳокист, ки 56 дар сади бекоронро дар кишвар занон ва 60 дар сади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аскар Шарифов мизони кунунии бекорӣ дар кишварро ҳодисае сахт нигаронкунанда арзёбӣ карда, мегуяд, вуҷуди шумораи бузурги бекорон, ба вижа дар байни ҷавонон, як омили афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомиа шудааст, чунки 90 дар сади маҷмуъи ҷиноятҳо дар кишварро ҷавонон содир мекунанд.

Аскар Шарифов рушди соҳибкории хурдро як роҳи ҳалли масъалаи мазкур мешиносад, вале бо зикри ин нукта, ки танҳо 26 000 нафар то имруз дар бахши тиҷорати хурд соҳиби ҷойи кор шудаанд, мегуяд, ин бахши иқтисод то ҳол натавонистааст ба таври кофӣ рушд кунад ва фарогири ниёзҳои умдаи ҷомиаи Тоҷикистон шавад.

Аскар Шарифов мегуяд, бояд мизони андозбандии фаъолиятҳои иқтисодии аҳолӣ ба таври ҷиддӣ бознигарӣ шуда, аз роҳи ироаи вомҳои боимтиёз барои ақшори бекори аҳолӣ шароити мусоидтаре барои анҷоми чунин фаъолиятҳо фароҳам оварда шавад.

Намояндаи масъули вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон мутақоид аст, ки дар ғайри ин сурат, аҳолӣ ҳамчунон ба мардикории мавсимӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва умдатан дар Русия бартарӣ хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG