Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав як тоҷик бо "тротил" боздошт шуд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Як шаҳрванди Тоҷикистон бо беш аз як кило маводи тарканда дар шаҳри Маскав дастгир шуд. Идораи умумии полиси Маскав рузи шанбе, 22 феврал ба хабарнигорон эълом кард, ки бегоҳии рӯзи ҷумъа дар вокзали Павелетский полиси ҷиноӣ Собир Раҷабов зодаи соли 1977-ро, ки аз Тоҷикистон ба Маскав омадааст, боздошт кард.

Манбаъ афзудааст, ҳангоми кофтуков аз Раҷабов 1 килограмму 137 грамм тротил кашф ва мусодира шуд. Манбаъ тавзеҳ кард, ки дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва бозрасии манбаи пайдо кардани маводи мунфаҷира ва мақсади омадани Собир Раҷабов ба Маскав тафтиш хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG