Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон аз вазорати беҳдошт хост, ришвахориро дар бемористонҳо хотима диҳад



Тоҳири Сафар

Табибони тоҷик аз мардуми қашшоқ, ки ҳаққи муолиҷаи ройгонро доранд, ҳамеша пул талаб мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати фурӯ нишондани мавҷи фасодкориву ришвахорӣ дар соҳаи беҳдоштӣ қадам бардошт, навиштааст Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, ки марказаш дар Лондон аст. Музди ночиз ва мушкилоти фаровони иқтисодӣ сабаб шудааст, табибони тоҷик аз дардмандону беморони қашшоқ, ки ҳаққи қонунии муолиҷаи ройгонро доранд, пул ситонанд.

Ришваситонӣ аз беморон ончунон авҷ гирифтааст, ки мардуми тоҷик дигар ба табибон эътимод надоранд, ва миёни онҳо ин гуфта роиҷ шудааст, ки "Худованд моро аз табибон ва бемористонҳо" паноҳ дорад.

Авҷи фасодкорӣ миёни дармонбахшони мардум ҳукуматро водор кард, ки дар охири моҳи январ бо судури як фармон аз мақомоти соҳаи беҳдоштӣ хост ба ғорати беморон хотима диҳанд. Ин хабарро мардуми оддии камбизоати Тоҷикистон, ки ҳам муолиҷа ва "ранҷ", яъне ғорати табибонро дидааст, ба хушӣ пазируфт.

Як сокини Душанбе Маърифат Саидова, ки фарзанди беморашро ба бемористон бурдааст, ба хабарнигори Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ гуфтааст, табибони тоҷик нахуст аз он фикр мекунанд, ки чи қадар маблағ аз соҳиби бемор ситонанд, на аз он ки чӣ тавр беморро муолиҷа намоянд. Ин зан, ки 15 доллар даромади моҳона дорад, аз ҳисоби қарз барои муолиҷаи фарзандаш 150 доллар масраф кардааст.

Аммо табибони тоҷик дар баробари иттиҳомоти "мизоҷони" худ ин далелро меоранд, ки музди ночиз маҷбур мекунад, то аз беморон ё наздикони онҳо пул ситонанд. Буҷаи Тоҷикистон барои соҳаи беҳдошт маблағи ночизе ҷудо кардааст, ки моҳе барои як кас 2 доллару 40 сент рост меояд.

Раҳбари як бемористон дар шаҳри Душанбе, ки аз ифшои номаш ибо кардааст, ба хабарнигори Ҷанг ва Сулҳ гуфт, ки бо ин маблағи нокофӣ чӣ тавр метавон беморонро муолиҷа кард. Ва дигар ин ки чи гуна метавон дар бемористон табибони соҳибихтисосро бо маоше, ки барои хариди маводи ғизоӣ кифоят намекунад нигоҳ дошт. Аз ин аст, ки дар бемористонҳо ришваситонӣ вуҷуд дорад.

"Аммо ришвахорӣ на фақат миёни табибони оддӣ роиҷаст, балки мақомоти баландпояи соҳаи беҳдоштӣ низ аз зердастони худ кам нестанд"- мегӯяд Лидия Исамова - раҳбари намояндагии Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар Душанбе."Гуфтугӯҳо дар мавриди ин ки вазорати беҳдошти Тоҷикистон олуда ба фасод аст, аз пеш ҷой доштанд. Барои ҳеҷ кас махфӣ набуд, ки кумакҳои башардустона, аз ҷумла доруворӣ ғорат мешавад. Бинобар ҷанҷолу ришваситонӣ корхонаи муштараки дорусозии Тоҷик Аҷанта Фарма Лимитед то ҳол фаъолият надорад, ҳарчанд бояд соли 1999 ба кор шурӯъ мекард. Ба ҳамин далелҳо раисҷумҳури Тоҷикистон Аъламхон Аҳмадов вазири маориф ва тамоми муовинҳои ӯро аз вазифа барканор кард."

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад аммо табибоне, ки аз гирифтани пораву ришва аз беморон ибо мекунанд, ба ҷуз аз тарки ҷойи кор дигар илоҷ надоранд. Як ҷарроҳи тоҷик, ки худро Шуҳрат муаррифӣ кардааст, бо тасдиқи ин гуфта ба хабарнигори Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ изҳор доштааст, соҳаи беҳдоштии Тоҷикистон ниёз ба ислоҳоти комил дорад.

Лидия Исамова намояндаи созмони мазкур дар Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Бонки Ҷаҳонӣ барномаҳои ислоҳи соҳаи беҳдоштиро пеш мебарад, аммо татбиқи ин барномаҳо ба кундӣ пеш мераванд. Ба андешаи ӯ фармони ахири ҳукумат оид ба ҷилавгирӣ аз ришвахорӣ дар бемористонҳо ва ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии беҳдоштӣ барои мардум иқдоми мусбиест, ҷиҳати пешбурди ислоҳот. Шояд солҳои наздик мегуяд Лидия Исамова, мардуми тоҷик соҳиби низоми беҳдоштии мукаммал ва бемористонҳои пок аз ришваву фасодкорӣ гардад.

XS
SM
MD
LG