Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон қатъ шуд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад





Рузи панҷшанбе, 20 феврал Тукманистон ва Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ намуданд. Гуфта мешавад, ин амал ба хотири тармими лулаҳои интиқоли гази табиӣ сурат мегирад.

Раиси корхонаи воҳиди "Тоҷикгаз" Муҳаммадрузӣ Искандаров гуфт, вай интизор дорад, ки таъмини мардум бо газ пас аз ду рӯз аз сар гирифта шавад. Аксари манотиқи шаҳри Душанбе бе гармӣ ва имкони пухтупази ғизо мондаанд. Мақомоти Туркманистон дар ин замина чизе изҳор намекунанд, аммо масъулони муассисаи "Узбектрансгаз"-и Узбакистон гуфтаанд, онҳо тармими лулаи гозро дар замони гармӣ рӯи даст гирифтаанд, ки ба вазъи мардуми Тоҷикистон чандон таъсир нахоҳад дошт.



XS
SM
MD
LG