Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар моҳи гузашта 1,7 фоиз афзудааст



Тоҳири Сафар



Мизони инфлятсия ё тавварум дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2003-ум 3,7 фоизро ташкил додааст. Бинобар иттилои кумитаи омори Тоҷикистон дар ин давра қиммати маводи ғизоӣ дар кишвар 1,7 дар сад афзуда, нархи маводи ғайриистеъмолӣ 0,9 фисад боло рафтааст. Инфлятсия соли 2002 дар Тоҷикистон 14,5 ташкил дода буд. Ахиран намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул, Роберт Кристиансен дар шаҳри Душанбе гуфт, афзоиши зиёди мизони инфлятсия дар соли гузашта дар Тоҷикистон дар авзои иқтисодии имсола таъсири манфӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG