Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба хотири таҳкими ҳимояти марз ба Тоҷикистон 500 ҳазор доллар дод



Раҳматкарими Давлат



Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати мусоидат ба таҳкими ҳимояти марзҳои Тоҷикистон, дар ҳудуди ним миллион доллар дар ихтиёри нерӯҳои марзбонии ин кишвар қарор дод.

Эҳдои ин кумакҳо, ки умдатан аз васоили мухобиротӣ иборат мебошанд, бо ширкати сафири Амрико дар Душанбе Франклин Ҳаддл сурат гирифт. Ҷаноби Ҳадлл гуфт, ин васоили техникӣ дар боло бурдани сатҳи ҳимоят ва амнияти марзҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ин воситаҳо имкон медиҳанд, ки алоқа миёни марзбонони тоҷик дар тамоми қаламрави кишвар таъмин бошад. Ҳаҷми умумии кумакҳо дар доираи ин барнома 7 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Сафири Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин гуфт, кишвараш омодааст дар поксозии майдонҳои минакоришудаи марзи Тоҷикистону Узбакистон, ба ҳукумати Душанбе мадад расонад. Ҷаноби Франклин изофа кард:"Мо бо ин масъала ошноӣ дорем, барои иҷрои ин барнома, мо дархости маблағ намудем ва бояд коршиносони амрикоӣ низ аз ин маҳал дидан кунанд ва иҷрои ин барнома то як ё ду моҳи дигар дар назар аст.

Ба гуфтаи мақомоти кумитаи марзбонии Тоҷикистон, тибқи барномаи назорати содирот ва амнияти марзҳо, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад, то кунун ҳудуди 500 нафар мутахассиси кумитаи марзбонӣ дар Амрико давраҳои махсуси омузиширо пушти сар гузоштаанд. Ва қарор аст, дар заминаи омузиши иҷрои барномаҳои таълимӣ низ кумакҳое ба неруҳои марзбонӣ сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG