Пайвандҳои дастрасӣ

Як таҳлилгари тоҷик:"Зербинои дӯстии Тоҷикистону Узбакистон пурқувват нест"



Искандари Хоҷа Мирзода

Бо вуҷуди беҳбуди ахири муносиботи дуҷониба, девори беэътимодӣ миёни ҳар ду кишвар ҳамчунон барҷост.

Сарфи назар аз беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон дар яку ним соли гузашта, баъзе таҳлилгарони тоҷик аз он нигаронанд, ки кашмакашҳои байниқавмии сокинони ин бахши Осиёи Марказӣ метавонанд ба сарчашмаи низоъҳои нав табдил ёбанд.

Шабакаи электронии "Евразиянет" менависад: "Дар охири моҳи гузашта сарони ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов ва Ислом Каримов дар як сӯҳбати дӯстонаи телефонӣ ҳамкориҳои миёни ду кишварро баҳс намуданд. Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Узбакистон ба рафъи мушкилиҳои рафтуомади роҳи оҳан, тақсими захираҳои обӣ ва таъмини гази табиӣ муваффақ шуданд."

Аммо ба навиштаи "Евразиянет" зербинои дӯстии Тоҷикистону Узбакистон пурқувват нест: "Агар ҳукуматҳои ду кишвар мушкилиҳои мавҷуда ва хусусан ихтилофи марзиро ҳал накунанд, эҳтимоли эҳёи муқовимат бештар мешавад."

Муаллифи мақола дар маҷаллаи электронӣ, бар ин фикр аст, ки баҳси марзии Тоҷикистону Узбакистон дар давраи Шӯравӣ ҳам ҷой дошт. Тоҷикон шикоят мекарданд, ки ба шарофати марзбандии комммунистон марказҳои таърихии тоҷикон: Самарқанду Бухоро ба тасарруфи Узбакистон гузаштаанд.

Ҳафтаҳои ахир мақомоти Узбакистон бори дигар таваҷҷӯҳро ба масъалаи марз ҷалб намуданд. Албатта барои аксари тоҷикон на маҳдудияти тиҷорати байни кишварҳо, балки мушкили тоҷикони муқими маҳҳалаҳои ҷанубиву шарқии Узбакистон, ба вижа вилояти Сурхондарё, ташвишовар аст.

Шореҳони тоҷик мегӯянд, ки дар Узбакистон ҳуқуқи башарии тоҷикон поймол мешавад. Мақомоти гумрукии Узбакистон дар ҳар ду тарафи марз тоҷиконро азият медиҳанд. Дар охири солҳои навадуми асри гузашта, Тошканд бо ишора ба ҳузури силоҳбадастони Ҳаракати Исломии Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон рафтуомад бо ин ҷумҳуриро зери назорати шадид қарор доданд.

Ба гуфтаи шореҳони тоҷик моҳи августи соли 2000-ум баъди ҳамлаи шӯришгарон ба вилояти Сурхондарё то панҷ ҳазор сокини деҳоти кӯҳӣ, асосан тоҷикон, зӯран ба минтақаи Шеробод кӯчонида шуданд. 73 сокини минтақа бо ҷурми дастгирии силоҳбадастони исломӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд. Шуморе аз онҳо маҷбур ба тарки ватан шуда, ғарибиро ихтиёр намуданд.

Рустам Баҳромов мегӯяд:"Ҳаводиси 11 сентябр ва фурӯпошии Ҳаракати Исломии Узбакистон дар равобити байни ду кишвар таъсири мусбат гузошта бошад ҳам, асоси ин беҳбудро ҳузури ИМА поягузорӣ мекунад."

Ба навиштаи "Евразиянет" маъмурияти президенти Узбакистон баъзе мансабдорони гумрукро, ки тоҷиконро азият медоданд, муҷозот намуд. Ҳамзамон Тошканд сокинони фирории вилояти Сурхондарёро ба ватан даъват кард, вале таъсири ин иқдомҳои ҷудогона ноқаноатмандии тоҷикони ду тарафи марзро аз байн набурдааст.

XS
SM
MD
LG