Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 500 ҳазор шаҳрванди тоҷик имсол барои ёфтани кор ба Русия меравад



Тоҳири Сафар

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегуяд, сели муҳоҷирони кории тоҷик имсол низ ба Русия ҷорӣ мешавад ва барои дарёфти кор на кам аз 500 ҳазор нафар Тоҷикстонро тарк хоҳанд гуфт.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегуяд, сели муҳоҷирони кории тоҷик имсол низ ба Русия ҷорӣ мешавад ва барои дарёфти кор на кам аз 500 ҳазор нафар Тоҷикстонро тарк хоҳанд гуфт.

Хабаргузории Итар Тасс аз қавли Игор Боск, раҳбари дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе навиштааст, то кунун Русия барои муҳоҷирони тоҷик ҳамчун манбаи кор ҷолиб боқӣ мемонад.

Бинобар гузоришҳои матбуоти Тоҷикистон, муҳоҷирини корӣ ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллар ворид мекунанд, ки се баробари буҷаи солонаи кишвар аст. Игор Боск ин рақамро зиёд мешуморад ва гуфтааст, талош дорад, то аз Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти дақиқро дар ин бора пайдо кунад.

Мушкили муҳоҷирати кории ғайриқонунӣ ва ихроҷи 400 шаҳрванди тоҷик аз Русия дар охири соли гузашта, афкори ҷомеаи тоҷикро хашмгин кард, ва боиси танишҳои лафзӣ миёни мақомоти ду кишвар шуд.



XS
SM
MD
LG