Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Олӣ як додраси ноҳиявиро ба ҳабс маҳкум кард



Абдуқаюми Қаюмзод



Рустам Назаров додрас ва ё судйайи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олии кишвар ба мӯҳлати як солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум гардид. Рустам Назаров дар қабули ғайриқонунии қарори додгоҳ ва сӯистифода аз мансаб гунаҳкор дониста мешавад.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, собиқ додраси ноҳияи Фрунзе дар баррасии парвандаи ҷиноии раиси пешини "Ориёнбанк", Ғаффор Идиев ба аъмоли ғайриқонунӣ даст задааст. Бинобар маълумоти Додгоҳи олӣ, собиқ додраси ноҳияи Фрунзе, Рустам Назаров бар асоси асноди таққалубӣ собиқ раиси "Ориёнбанк" Ғаффор Идиевро, ки барои пешниҳоди ришва ба маблағи як миллион доллари нақд, зиндонӣ шуда буд, аз маҳбас озод кардааст.

Маҳмадалӣ Ватанов, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Фрунзеро дар мавриди озодсозии Ғаффор Идиев беэътибор донист ва шахси раҳошударо боз ба зиндон андохт.

Қазияи парвандаи Ғаффор Идиев аз як соли пеш идома дошта, пурмоҷаротарин парвандаҳои ҷиноӣ дар солҳои ахир будааст. Ба думболи озодии Ғаффор Идиев аз зиндон, ки муҷиби ҳайрати ҷомеа гардид, мақомоти олии кишвар дубора ба тафтиши қазия баргаштанд. Ва бино ба тафтиши оқибатҳои қазияи асрорангези Ғаффор Идиев, чанде аз мансабдорони мақомоти интизомӣ, ба шумули раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон, муффатиши парвандаи ҷиноии Идиев ва гурӯҳи коршиносони ташхисоти тиббии судӣ аз вазифа барканор шуданд.



XS
SM
MD
LG