Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар болои дарёи Панҷ пули автомобилгузар месозад



Абдуқаюми Қаюмзод

Барои сохтмони ин пул 12 миллион масраф мешавад, ки 95 фоизи онро Пентагон ва 5 дар сади онро ҳукумати Норвегия мепардозад.

Ҳукумати Амрико дар рӯи дарёи марзии Панҷ дар Тоҷикистон як пули автомобилгузар бунёд мекунад, ки барои он 12 миллион доллар ихтисос масраф мешавад. Дар ин бора рузи панҷшанбе, 13 феврал, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Франклин Ҳаддл иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай 95 дар сади маблағгузории сохтмон таввасути вазорати дифои Амрико сурат мегирад, 5 фоизи маблағро ҳукумати Норвегия пардохт хоҳад кард. Бунёди ин пул зери назорати мутахасисони Пентагон сурат мегирад ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ хоҳад буд.

Дар ҳамин руз сафорати Амрико ба вазорати дифои Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллион доллар кумаки низомии кишварашро расонид. Либоси низомӣ ва рахти хобу пойафзол барои 10 ҳазор сарбози тоҷик пешбинӣ шудааст.

Сафири Амрико дар маросими супурдани эҳдо гуфт, ҳамкории низомии кишвараш бо Тоҷикистон, дар 20 моҳи ахир ба таври чашмгир афзудааст. Ҳукумати Амрико тасмим гирифтааст, дар маҷмӯъ ба вазорати дифои Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 миллион доллар ёрӣ расонад.

Соли гузашта тибқи як барнома, департаменти давлатии Амрико таҷҳизоти назорати марз ва автомобилҳоро ба маблағи қариб 8 миллион доллари амрикоӣ дар ихтиёри Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гузошт.

XS
SM
MD
LG