Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз фуруши алюминий 400 миллион доллар суд бардоштааст



Саид Сабоҳ



Корхонаи Арзиз ё алюминийи Тоҷикистон (ТадАЗ) соли гузашта беш аз 307 ҳазор тонна алюминий тавлид кард, ки 305 ҳазор тоннаи он ба хориҷ содир шудааст. Даромади буҷаи Тоҷикистон аз ин ҳисоб 400 миллион долларро ташкил додааст. Ин маҳсулоти стратегиро Тоҷикистон умдатан ба Ҳолланд, Маҷористон, Туркия ва Туркманистон фурухтааст. Корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистон соли 1975 сохта шуда, вале ҳеҷгоҳ бо зарфияти комили худ, ки тавлиди беш аз 510 ҳазор тонна алюминиро ташкил медиҳад, кор накардааст. Дар ин корхона беш аз 11 ҳазор нафар саргарми фаъолият ҳастанд.

Тибқи иттиллои хабаргузории Итар Тасс, Роберт Кристиансен намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул ҳангоми сафараш дар Тоҷикистон гуфт, созмони мазкур ба ҳукумати ин кишвар феълан тавсия намедиҳад, то корхонаи ТадАЗ ва ширкати "Барқи Тоҷик"-ро ғайридавлатӣ созад. Ба гуфтаи Роберт Кристиансен дар қадами аввал ҳукумат бояд фаъолияти ин корхонаҳоро пурсаматар гардонад ва сипас дар бораи хусусигардонии онҳо фикр кунад.





XS
SM
MD
LG