Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хати парвози Душанбе-Кобул ифтитоҳ ёфт



Раҳматкарими Давлат



Хати парвози мустақим миёни Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва Кобул маркази Афғонистон ифтитоҳ гардид ва нахустин парвози ҳавопаймо дар рузи якшанбе сурат гирифт. Аввалин мусофирони хати сайри ҷадид, ҳайатҳои давлатӣ, рузноманигорони хориҷӣ ва ҷамъе аз шаҳрвандони Афғонистон буданд. Парвоз дар масири Кобул-Душанбе, таввасути ҳавопаймои навъи Як-40-и ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тибқи иттиллои маркази матбуоти вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон, кироияи парвоз дар ин хат 274 сомонӣ муодили 87 доллари амрикоӣ мебошад. Парвоз дар масири мазкур дар зарфи камтар аз як соат анҷом мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон бо ақди қарордод бо ширкати Ориёнои Афғонистон, парвозҳои худро бо Кобул дар баҳори соли гузашта оғоз намуда буд, аммо ин парвозҳо бинобар набудани масири мустақими парвоз миёни ду пойтахт, Душанбе ва Кобул бояд аз тариқи шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон сурат мегирифтанд. Ҳавопаймои мусофирбар ва ғайринизомӣ иҷозаи парвозро дар хати Кобул-Душанбе надоштанд. Аз ин хотир, парвоз таввасути Тошканд ҳам роҳро тулонӣ мекард ва ҳам нархи кироияро то 240 доллар боло бурд. Бинобар ин баъди анҷоми ду парвоз, парвозҳои ширкати ҳавопаймоҳои Тоҷикистон аз тариқи шаҳри Тошканд қатъ гардиданд. Ва акнун бо ифтитоҳи хати ҷадиди ҳавоӣ парвозҳои Душанбе-Кобул ҳар рузи якшанбе соати 7-и субҳ сурат хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG