Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тайи 10 сол ҳудуди 1500 милисаи тоҷик кушта шудааст



Тоҳири Сафар



Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, Ҳумдин Шарифов дар маросими таҷлили 78-умин солгарди таъсиси неруҳои милисаи тоҷик гуфт, тайи 10 соли истиқлолияти кишвар беш аз якуним ҳазор корманди милиса дар мубориза бо ҷинояткорӣ ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи вай, фақат пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, кормандони милиса дар қаламрави кишвар ҳудуди 270 гурӯҳи мутташакили ҷиноиро маҳв кардаанд.

Вазири умури дохила изофа кард, ки ин гуруҳҳо вазъи сиёсии кишварро халалдор намуда, пайваста ба одамрабоӣ, куштор ва амалҳои терористӣ машғул буданд. Бо вуҷуди қурбониҳову талафот, ба гуфтаи вазир кормандони милисаи тоҷик дар ин замон таҷрибаи зиёди мубориза бо ҷинояткориро андӯхтанд.

XS
SM
MD
LG