Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қазоқистон барномаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро таҳия карданд



Саидмуддини Оймуҳаммад

Хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Қазоқистон дар умури мубориза алайҳи маводи мухаддир зимни як мулоқот дар Душанбе барномаи муштараки тадобирро ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир таҳия сохтанд.

Хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Қазоқистон дар умури мубориза алайҳи маводи мухаддир зимни як мулоқот дар Душанбе барномаи муштараки тадобирро ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир таҳия сохтанд. Гуфта мешавад, дар чорчуби ин санад анҷоми як силсила амалиётҳои муштарак барои бастани роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунон тибқи ин барнома табодули иттилооти фаврӣ дар мавриди гардиши маводи мухаддир сурат мегирад. Раиси идораи мубориза алайҳи маводи мухаддири Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Файзулло Гадоев ба хабаргузории Азия Плюс гуфт, дар ҷараёни мулоқот тарафайн масоили ҳамкориро барои кашф ва боздошти гуруҳҳои бузург ва кучаки қочоқбарони маводи мухаддир мавриди баҳс қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол шаби чаҳоршанбе, 5 феврал дар минтақаи Панҷи марзи Тоҷикистону Афғонистон сарҳадбонони рус 32 килограмм ҳероинро мусодира намуданд. Дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон, ба хабаргузории ИТАР ТАСС гуфтааст 2 қочоқбари маводи мухаддир ҳангоми убур аз дарёи Панҷ ба муқовимати марзбонони рус ру ба рӯ шуданд ва маҷбур шуданд, бори худро бигзоранд ва фирор кунанд. Ин манбаъ мегуяд, марзбонони рус аз оғози соли равон то кунун, 600 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки 300 килои он ҳероин аст.





XS
SM
MD
LG