Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА барномаеро ба хотири поксозии майдонҳои минакоришудаи Тоҷикистон татбиқ мекунад



Хиромон Бақозода

Ин барнома, аз ҷониби чанд кишвари Аврупо маблағгузорӣ хоҳад шуд.

Агар бахши бузурги мардуми Тоҷикистон ҳамаруза дар пайи дарёфти ризқу рузӣ манзили худро тарк кунад, бархи дигаре ҳаст, ки ҳатто барои сайругашт дар наздикиҳои ҳавлии худ ҷуръат намекунад. Заминҳои минакоришуда, ки ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар чор манотиқи Тоҷикистон боқӣ мемонанд, ҳар сари чанд бо хабари таркиши инсон ва ё кадом ҷонвари хонагӣ аз худ дарак медиҳанд.

Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ марказаш дар Лондон мегуяд, танҳо дар соли ҷорӣ ду нафар аз шаҳрванди Тоҷикистон дар мина ҳалок гардид. Мақомоти ҳифзи тартиботи кишвар мегуянд, дар соли гузашта, 60 нафар, аксаран занону кудакон, қурбони минаҳо шуданд. Тибқи маълумоти онҳо, чор минтақа - водии Рашт, Бадахшони Куҳӣ, Тоҷикистони марказӣ ва вилояти Суғд аз назари мавҷудияти минаҳо хатарнок маҳсуб меёбанд.

Комиссияи ҳуқуқи байналмилалии башарӣ мегуяд, дар қаламрави беш аз дуву ним ҳазор километри мураббаъ дар Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор мина боқӣ мемонад.

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ё ОБСЕ барои поккории заминҳои Тоҷикистон аз майн барномаеро ба роҳ монданист, ки он дар ҳамкории наздик бо сохторҳои қудратии Тоҷикистон, намояндаҳои дипломатии кишварҳои хориҷа ва ҳамчунин созмони имдодии Салиби Сурх пиёда мешавад.

Марк Жилбер, раҳбари дафтари тоҷикистонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, дар ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон намояндагони кишварҳои мухталифи аъзои ОБСЕ ва ҳамчунин хосторони ширкат дар барномаи поккории мина ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Музокироти ин гуруҳ бар сари таҳияву иҷрои ин барнома хоҳад рафт. Таърихи шуруъи барномаи поккорӣ аз мина то моҳи июн дар назар аст, мегӯяд Марк Жилбер. Ва аммо ба суоли мӯҳлати пурраи анҷоми кулли корҳои поккорӣ у гуфт: "Ин барнома вақти хеле зиёдро мехоҳад ва манзур на ҳафтаҳо, балки солҳои зиёд аст. Ҳамчун дипломат ман мегуям, барои иҷрои ин барнома ҷонибҳои мухталиф алоқамандӣ нишон доданд, ҳатто ҳукумати Япония ҳам омодагии худро изҳор кардааст. Масалан як ҷониб мегуяд, омода аст, мутахассисини тоҷикро дар поккории минаҳо омузиш диҳад, дигар кишварҳо мегуянд, кумаки моддӣ мекунанд. Аз ин ру вазифаи мо аз ҳамоҳангсозии тамоми корҳо дар ин барнома иборат мешавад ва бояд пеш аз ҳама манфиатнокии лоиҳаро аз назари вақт андешид. Зеро ҳамаи мо бахубӣ мефаҳмем, ки як идда аз мардуми тоҷик зери хатар аст"

Марк Жилбер, раҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон мегуяд, аз ҳисоби ин ниҳод барои барномаи поккории мина, феълан 200 ҳазор доллар ҷудо шудааст, ва аммо ин ба қавле нуқтаи ахири буҷаи лоиҳа нест.

Маҳз ҳамин масъаларо ҳам Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Лондон дар шумули мушкилоте номбар кардааст, ки садди роҳи ҳалли мустақили ин масъала аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон шудааст. Таҳлилгари ин мавзӯъ мегуяд, поккории комили минаҳа кори чандон осон нест. Тибқи гуфтаи мутахассисон безарар кардани минаҳо ба тозагӣ зери хокшуда хеле душвор аст.

Аз тарафи дигар, кӯчиши хок ва масоили мисли ин объективии табиӣ аз руи харита муқаррар шудани ҷойи минаҳоро душвор мекунад. Ва ниҳоят далели сеюм ва аммо хеле муҳими мушкилсози ҷараёни поккории минаҳа ин камбуди маблағ ва таҷҳизоти навтарини ошкорсозии минаҳо, эҳтиёҷ ба теъдоди бештари мутахассисони ин соҳа мебошад. Масалан, безарар кардани хоки Бадахшони Кӯҳистон ҳадди аққал 5 солро мехоҳад. Ва аммо умеди Тоҷикистон ин аст, мегуяд Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Лондон, ки шомилшавии ин давлат ба конвенсияи Оттава оид ба манъи истифодаи минаҳои зиддинафар дар соли 1999, мушкили кишварро бо имдоди созмонҳои байналмилалӣ осон мекунад. Тавре ки қадами аввал дар ин самт бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар фурсати наздик гузошта мешавад. Ва шояд баъди ин дигар ягон модари тоҷик хабари шуми фавтидани фарзандашро аз минаи пинҳоншуда нашунавад.

XS
SM
MD
LG