Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандони кишварро дар сафи гурӯҳҳои боқимондаи Толибон рад кард



Абдуқаюми Қаюмзод

Мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, дар сафи боқимондаҳои Толибон ва Ал-қоида собиқ размандагони мухолифини Тоҷикистон ҳузур доранд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон иддаои вазорати дифои Қирғизистонро дар мавриди ҳузури гурӯҳҳое аз размандагони собиқи оппозитисиюни тоҷик дар сафи боқимондаҳои Толибон ва Ал-қоида дар Афғонистон рад карданд. Мирзоватан Ҳасаналиев, муовини дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон, суханони Малик Ҷумъагулов, намояндаи вазорати дифоъи Қирғизистонро дар мавриди мавҷудияти гуруҳҳои харобкор ва терорристӣ ва ҷонибдорони онҳо дар дохили Тоҷикистон низ, беасос номид.

Ҷаноби Ҳасаналиев гуфт:"Ин гуфтаҳо ба куллӣ беасос ҳастанд. Дар ягон минтақаи Тоҷикистон, ягон гӯшаи Тоҷикистон гуруҳҳои терористӣ ва харобкор вуҷуд надоранд. Аммо баъди амалиёти Амрико дар Афғонистон баъзе гуруҳҳои хурд-хурд ва парокандае ҳаст, ки дар Афғонистон пинҳон шудаанд, лекин ин гуруҳҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ё хоки Тоҷикистон нестанд. Дар бораи ин ки миёни гуруҳҳои Толибон тоҷикон бошанд, қаблан аз ҳисоби гурезаҳои тоҷик буданд, аммо ин хел маълумот, ки дар миёни Ал-қоида ва Толибон то ҳол тоҷикони Тоҷикистон ҳастанд, вуҷуд надорад.

Намояндаи аршади вазорати дифои Қирғизистон, Малик Ҷумъагулов ахиран зимни мусоҳибаи матбуотие изҳор доштааст, ки дар манотиқи сарҳадии Бадахшони Афғонистон, ки Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳудуди 300 тан аз боқимондаҳои Толибону Ал-қоида ва Ҷунбиши Исломии Узбакистон ба дастаҳои иборат аз 15-20 нафарӣ тақсим шуда, фаъолият доранд. Ва ин гуруҳҳо бо қасди шиддат бахшидани авзо дар минтақа бо гурӯҳҳои қочоқбар ҳамкорӣ мекунанд.

Аммо дар айни ҳол Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки намояндаи парлумон ва муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад, ҳузури афроди ҷудогонае аз шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафи Толибон ва Ал-қоида рад намекунад.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода мегуяд, ин афрод ҳеҷ иртиботе ба гурӯҳҳои сиёсие, ки собиқ мухолифи давлат буданд, надоранд ва касоне ҳастанд, ки аз шароити сулҳ миёни оппозитсиюн ва ҳукумати Тоҷикистон норозӣ мебошанд. "Аз ҳузури собиқ размандагони неруҳои мухолифин дар сафи боқимондаҳои Толибон ман иттилоъ надорам, шояд нафароне бошанд, ки ба сохторҳои интизомии ҳукуматӣ шомил нашуданд ва дар натиҷаи амалиёти маъмурони интизомӣ фирор карданд, ба Русия ё Афғонистон рафтанд, аммо ман иттилоъе аз онҳо надорам. Агар бошанд, ҳам ба таври афроди алоҳида ҳастанд ва онҳоро робита додан ба неруҳои мухолифини робита додан нодуруст аст."

Ба андешаи муовини дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон, Мирзоалӣ Ҳасаналиев ин гуна изҳороти намояндагони ҳукумати Қирғизистон, ки чандин бор такрор шудааст, ин мавқеъгириҳои ҳадафмандона мебошад:"Баъзе ҷанҷолҳое, ки дар дохили Қирғизистон мешаванд, онҳо мехоҳанд ҳамаи ҳаминро ба сари Тоҷикистон партоянд. Гуё аз ҳамин ҷо неруҳои муқобили давлати Қирғизистон пои пиёда бо пайраҳаҳо равона мешаванд. Ин аз як низоъандозӣ миёни узбекзабонҳои Тоҷикистон ва тоҷикон мебошад. Онҳо дигар мақсад надоранд."

Ба назари мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони собиқ мухолифин, мақомоти Қирғизистон ба хотири ҳифзи суботи дохилӣ ва дур намудани тавваҷӯҳи ҷаҳон аз мушкилоти сиёсии кишвар даст ба пахши чунин баёнияҳои зиддунақиз мезананд ва талош доранд афкори умумиро андармони гуё гурӯҳҳои терористӣ дар дохили кишвари ҳамсоя намоянд.



XS
SM
MD
LG