Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия истирдоди як гумонбар дар амалҳои терористиро талаб кард



Мирзонабии Холиқзод

Ин фард мавсум ба Лутфулло Файзуллоев, ки дар Новосибирск дастгир шуд, ба гуфтаи мақомот дар қатли раиси ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақш дошт.

Бино ба иттилои Додситонии Низомии Тоҷикистон, Лутфулло Файзуллоев шаҳрванди ин кишвар, ки бар асоси дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия аз тарафи кормандони милитсия боздошт шуд, дар садади истирдод ба Душанбе мебошад.

Матбуоти Русия аз боздошти Файзуллоев, чанд руз пеш хабар дод ва гуфт, ки ин фард дар куштори афсарони Русия дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон даст доштааст. Хабаргузории Итар Тасс навиштааст, ки Лутфулло Файзуллоев дар як тамрингоҳи тундравони исломӣ дар Эрон омӯзиш дида, сипас ба хотири амали сохтани нақшаҳои терористӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Аммо масъули дафтари матбуоти Додгоҳи Низомии Тоҷикистон, хабари Итар Тасс ва расонаҳои дигари Русияро рад кард ва гуфт, Лутфулло Файзуллоев ба гуруҳи терористие, ки аз тарафи кадом кишвари хориҷӣ пуштибонӣ меёфт ва соли гузашта баъзе аз аъзои он боздошт шуда буданд, иртибот надорад, вале дар куштори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Собирҷон Бегиҷонов даст дошт:

"Тафтишот нишон дод, ки Файзуллоев дар таҳияи суиқасд ва куштори Бегиҷонов ширкат кардааст, бинобар у дар Русия низ мавриди таъқиб қарор дошт."

Собирҷон Бегиҷонов мувофиқи саҳмияи 30 дар садии мухолифини пешин ба вазифаи раиси ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда ва дар моҳи майи соли 2000-ум аз тарафи як гурӯҳи муссалаҳи ношинос ба қатл расид. Тибқи иттиллои хабаргузориҳои Русия Лутфулло Файзуллоев, баъди он ки як шаҳрванди Русияро дар Новосибирск куштааст, таввасути маъмурони интизомии рус боздошт шуд.

Бино ба иттиллои Додситонии Низомии Тоҷикистон, ҷониби Русия уҳдадор аст, шаҳрванди Тоҷикистон Лутфуллоҳ Файзуллоевро мувофиқи Конвенсияи Минск, ки дар моҳи январи соли 1993 аз тарафи кишварҳои увзи Ҷомеаи муштаракулманофеъ ба имзо расида буд, ба мақомоти низомии Тоҷикистон таслим кунад.

XS
SM
MD
LG