Пайвандҳои дастрасӣ

Кумакҳои давлатии Амрико ба Тоҷикистон дар соли 2004-ум афзоиш хоҳанд ёфт



Мирзои Салимпур





Тибқи тарҳи буҷаи соли 2004-ум, ки раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш ба Конгресс пешниҳод кард, Ийолоти Муттаҳида дар соли оянда ба маблағи 35 милён доллар ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Дар соли ҷорӣ барномаи кумакҳои давлатии Амрико ба Тоҷикистон баробари 22, 5 милён доллар буд.

Вошингтон ироаи кумакҳо ба аксари кишварҳои Осиёи Марказиро дар соли оянда афзоиш хоҳад дод. Аз ҷумла дар лоиҳаи буҷаи соли 2004-уми Амрико барои Узбакистон 42 милён доллар, барои Қирғизистон 40 милён доллар, барои Қазоқистон 32 милён доллар ва барои Туркманистон 8 милён доллар ихтисос дода шудааст.

Аммо кумакҳои амрикоӣ дар соли оянда барои бештари кишварҳои шуравии собиқ дар муқоиса бо соли ҷорӣ коҳиш меёбанд. Маҷмуан, тарҳи пешниҳодии буҷаи соли ояндаи Ийолоти Муттаҳида ироаи кумакҳо барои 12 кишвари шуравии собиқ ( ба истиснои се кишвари Балтик)-ро аз 755 милён доллари соли ҷорӣ ба 576 милён доллар поин овардааст.

Аз ҷумла барномаи кумак ба Русия аз 148 милён доллар то 73 милён ва ихтисоси кумакҳои давлатӣ ба Украина аз 155 милён ба 94 милён доллар кам хоҳад шуд. Ихтисори кумакҳои Амрико барои се кишвари Қафқоз ва Молдоваву Беларус низ дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG