Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмурони интизомии вилояти Суғд як чопхонаи муттаалиқ ба "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро ошкор карданд



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Идораи умури дохила гуфт, аз ин чопхона дастгоҳи нашр ва беш аз 30 ҳазор варақаи тарғиботӣ ёфт шудааст.

Дар як амалиёти вижа, кормандони идораи умури дохилаи вилояти Суғд, дар маҳҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд аз як гараж ду компютер, васоили дигари табъу нашр ва беш аз 30 ҳазор варақаву адабиёти "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро пайдо карданд. Ба иттилои ин ниҳод, чопхонаи хурд ба сокини Хуҷанд, Зайниддин Абдуваҳҳобов тааллуқ дошт, ки мехост ба мақсади тарғиби афкори Ҳизб-ут-таҳрир истифода кунад.

Тибқи иттилои расмӣ, тайи моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби додгоҳи Суғд яке аз фаъолони созмони мамнӯъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир", Толиб Очилов ба мӯҳлати ҳафт сол зиндонӣ ва шаш тани дигар, аз ҷониби маъмурони интизомӣ бо айби узвият дар ин созмони тундрав боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манбаъҳои қобили эътимод дар идораҳои интизомии вилояти Суғд, шумори боздоштшудагон аз ин адад ҳадди аққал се нафар зиёд аст.

Тоҷиддин Тураев, додситони вилояти Суғд мегуяд, "Ҳизб-ут-таҳрир" солҳои ахир ба фаъолияти комилан пинҳонӣ гузашта буд ва боздошти фаъолони ин гуруҳ, нишони густариши фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир набуда, балки натиҷаи амалиёти маъмурони интизомӣ аст:" Афроди дар натиҷаи амалиётҳои мо боздоштшуда, раҳбарони шуъбаҳои ҳизб буданд ва то имрӯз мо 130 нафарро, ки бо ин ҳизб сару кор доштанд, ба маҳкама кашидем, аз ҷумла панҷ нафар занро. Ин кори мо як роҳи ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизб аст".

Аммо коршиносони маҳҳалӣ дар мавриди боздошт шудан ва ба маҳкама кашидани аъзои фаъоли "Ҳизб-ут-таҳрир" андешаҳои мухталиф доранд. Соҳибназарони наздик ба ҳукумат бар ин ақидаанд, ки "Ҳизб-ут-таҳрир" ҳизби тундгарост ва бояд аз фаъолияти он ҷилавгирӣ шавад.

Гурӯҳи дигар мегуянд, ин созмон дар миёни аҳолӣ нуфуз ва ҳеҷ пуштибонӣ надорад ва ҳатто дар сурати гирифтани иҷозаи фаъолият ба шикаст дучор мешавад. Дустмуҳаммади Дуст корманди шӯъбаи идеологии ҳукумати вилояти Суғд мегуяд:"Ба андешаи ман агар дар Тоҷикистон мо фаъолияти ин ҳизбро ба роҳ андозем, аз 1 фоиз зиёдтар нуфуз пайдо карда наметавонад."

XS
SM
MD
LG