Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдураҳим Қаҳҳоров:"Таркиш дар Душанбе ангезаи сиёсӣ надорад ва як тасодуф буд"



Раҳматкарими Давлат

Дар таркише, ки рузи 2 феврал рух дод, 1 нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон рузи 3-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷоре, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рузи 2 феврал рух дод, ангезаи сиёсӣ, ё иҷтимоӣ надорад ва як тасодуф мебошад. Муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон афзуд, натиҷаҳои ибтидоии баррасии қазия далели он аст, ки иллати таркиш бо эҳтимоли зиёд баллони кислород ё оксиген будааст.

Абдураҳим Қаҳҳоров ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳамаҷониба дида баромаданд, сапёрҳо, дигар мутахассисон анализ гирифтанд, ягон чизи тарканда дар он ҷо ёфт нашуд. Аммо сабабҳои таркиш то ҳол комилан дақиқ нашудааст, вале тахминҳо ин аст, ки эҳтимолан газ дар лулаҳо ҷамъ шуда, ва ҳангоми кафшер дар таҳхона таркидааст, ё худи баллони оксиген мунфаҷир шудааст."

Муовини вазири Тоҷикистон дар мавриди теъдоди зарардидагони ҳодиса гуфт, як зан ҷони худро аз даст додааст. Вай афзуд:"Аз таркиш ҳафт нафар сокинони он хона маҷруҳ шуданд, ҳамашон дар бемористон ҳастанд, аммо вазъи онҳо бад нест, муттаасифона як зан ҳалок шуд."

Ба гуфтаи табибони бемористони Қарияи боло, дар миёни маҷрӯҳон ду кудак ва як муйсафед низ мебошанд. Ба гуфтаи муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, тадқиқоти ҳодиса идома дорад, ва хулосаи ниҳоӣ дар бораи ҳодиса аз ҷониби комисияи махсусе, ки аз ҳисоби кормандони махсуси ниҳодҳои интизомӣ ташкил шудааст, ироа нагаштааст.

Сокинони ин бино, ки қисме аз он хароб шудааст, мегуянд: "Мо ҳам намедонем, ки ҳодиса аз чӣ рух дод, садои як таркишро шунидем ва аз хонаҳои берун давидем."

Рузи душанбе, 3 феврал Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе аз маҳҳали ҳодиса дидан кард ва ба сокинони хонаи харобшуда мулоқот намуд. Аммо чизе муҳим аст, ин аст, ки сокинони хонаи харобшуда, зимистонро дар куҷо пушти сар хоҳанд кард. Маълум нест, ки шаҳрдори Душанбе ба сокинони ин хона, ки комилан ғайриқобили истифода шудааст, ваъдаи таъмин намудан бо хонаҳои навро додааст ё не?

XS
SM
MD
LG