Пайвандҳои дастрасӣ

Як узви фаъоли Ҳизб-ут-Таҳрир дар вилояти Суғд боздошт шуд



Нурмуҳаммади Холзода





Бино ба иттилоъи хабаргузории ИТАР-ТАСС, яке аз раҳбарони созмони ғайриқонунии Ҳизб-ут- Таҳрир бо номи Зиёуддин Ваҳҳобов дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуд. Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба ин манбаъ гуфтааст, ки ҳангоми бозҷуӣ аз хонаи Ваҳҳобов адабиёти мазҳабӣ ва таҷҳизоти табъу нашр ба даст омадааст.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон, чаҳор соли пеш нахустин гуруҳҳои Ҳизб-ут-Таҳрир дар ин кишвар ифшо шуданд ва аз он замон то ба ҳол 120 нафар узви ин ҳизб боздошт шудааст. Ин мақомот мегуянд, аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир бо афроди Ҷунбиши Исломии Узбакистон робита доранд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ду нафар бо номҳои Зайниддин Абдулваҳҳобови 27-сола ва Иброҳим Калонови 23-сола бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт шудаанд.



XS
SM
MD
LG