Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буш аз Конгресси Амрико тавқифи иҷрои Қонуни Ҷексон-Ванникро дархост кард



Мирзои Салимпур



Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико бо ирсоли як нома аз Конгресс хостори барои як соли оянда манъ кардани иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷексон-Ванник шудааст. Ин қонун дар соли 1974 бино бар маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи ҳиҷрати аҳолии яҳудӣ аз қаламрави Иттиҳоди собиқи Шуравӣ ба тасвиб расида, то кунун раҳандозии равобити комили тиҷоратии Амрико бо Русия ва 8 кишвари дигари шуравии собиқро маҳдуд мекунад.

Ҷорҷ Буш дар номааш навиштааст, ки қонунгузории Русия дигар дар роҳи муҳоҷирати аҳолии яҳудӣ монеае эҷод намекунад ва ба ин далел ва ба хотири эҳдоси равобити комили тиҷоратӣ миёни Амрикову Русия зарурати таҷдиди назар дар қонуни Ҷексон-Ванник пеш омадааст.

Оқои Буш ҳамзамон хостори манъи иҷрои ин қонун дар мавриди равобити кишвараш бо Тоҷикистон, Арманистону Озарбойҷон, Қазоқистону Украина ва Туркманистону Молдова шудааст.

XS
SM
MD
LG