Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси Комиссияи ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон моҳи феврал баргузор мешавад



Мирзои Салимпур





Рузи панҷшанбе Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо раҳбари Узбакистон, Ислом Каримов дар мавриди таърихи баргузории иҷлоси навбатии комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон тавофуқ кардааст.

Қарор аст, иҷлоси ояндаи ин комиссия дар моҳи феврали соли ҷорӣ барпо шавад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд, раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон дар ин гуфтугуи телефонӣ паҳлуҳои мухталифи масоили муҳими минтақа ва ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор дода, хостори тавсиаи бештари равобити ду кишвар, ба вижа, дар риштаҳои иқтисод ва тиҷорат шудаанд.



XS
SM
MD
LG