Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмонов аз мизони кори ИДМ интиқод кард



Мирзои Салимпур



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, зимни натиҷагирӣ аз иҷлоси сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Киев, гуфт, то ҳол дар чавкоти Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ як майдони воҳиди фаъолиятҳои иқтисодӣ ба вуҷуд наомадааст ва қарорҳои марбутаи ин паймон ё ба кундӣ амалӣ мешаванд ва ё дар руи қоғаз беамал боқӣ мемонанд. Раҳбари Тоҷикистон вуҷуди чунин шароитро дар замони ҷаҳонишавии иқтисод ғайриоддӣ номид.

Оқои Раҳмонов гуфт, дар мавриди эҷоди минтақаи тиҷорати озод дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ сухан хеле бештар аз иқдомоти амалӣ мушоҳида мешавад. Президенти Тоҷикистон пайгирона коҳиш ёфтани табодули мол дар байни кишварҳои муштаракулманофеъро як натиҷаи табии фарқи сухану амали кишварҳои узви ин паймон номид.

XS
SM
MD
LG