Пайвандҳои дастрасӣ

Иллати таваҷҷуҳи ночизи сармоягузорони хориҷӣ ба Осиёи Марказӣ чист?



Соҷидаи Мирзо

Ин мавзуъ дар як анҷумани байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуд.



Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки Ғарб ба онҳо ҳамчун ба шарикони муҳими ҷанги зиддитерроризм таваҷҷуҳ дорад, дар феҳрасти кишварҳои барои сармоягузории хориҷӣ камаҳамият боқӣ мондаанд. Ин ақида дар нишасти байналмилалии Тошканд, ки "Ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди минтақа" ном дошт, таъкид гардид.

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд сатҳи маблағгузорӣ ба Осиёи Марказиро дар байни кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ дар ҳоли гузариш, камтарин арзёбӣ кард. Намояндаи ин бонк дар Узбакистон Кенҷи Наказава гуфт, аз соли 1995 то соли 2001 сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо ба ду дар сади маҷмуъи маҳсулоти дохилии ин давлатҳо баробар буд. Ба гуфтаи Наказава, ҳатто дар Қазоқистон, кишвари соҳиби захоири бузурги энержӣ, ки дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ бар чаҳор давлати дигари минтақа дасти болотар дорад, маблағгузории мустақими хориҷӣ камтар аз нисфи сармоягузорӣ ба иқтисоди кишварҳои Аврупои Шарқӣ аст.

Суқути Иттиҳоди Шуравӣ ба иқтисоди давлатҳои собиқи ин Иттиҳод таъсири манфӣ расонд. Аксари ин давлатҳо, ҳануз ҳам аз ҷониби коммунистҳои собиқ раҳбарӣ мешаванд, ки ба пешбурди иқтисоди бозаргонӣ ва бунёди заминаи мусоиди сармоягузорӣ хоҳишмандӣ нишон намедиҳанд.

Осиёи Марказӣ бо масоҳати баробар ба 4 500 километр аз Шарқ то Ғарб ва бо 60 миллон аҳолӣ, бо ширкати худ дар ҷанги зидди террор аз роҳи пешниҳоди қаламрав ва қабули низомиёни эътилофи зиддитеррор таваҷуҳи Ғарбро ба ин минтақа афзоиш додааст. Аммо иштирокдорони конфронси дуруза дар пойтахти Узбакистон мегуянд, мавқеъи ҷуғрофӣ, заъфи сохторҳои нақлиётиву мухобиротӣ ва набуди роҳҳои дарёӣ, вуруди сармояи хориҷӣ ба минтақаро мушкил кардааст. Онҳо ҳамчунин зикр намуданд, ки сармоягузори хориҷӣ аз мавонеъи бюрократӣ, фасодкории густарда ва ношаффофии фазои тиҷорат дар Осиёи Марказӣ шикоят дорад.

Ин нишаст, ки намояндагони сохторҳои молии ҷаҳон, мақомоти давлатӣ ва коршиносонро ба ҳам овард, ҳамчунин ба адами ҳамкории давлатҳои минтақа таъкид кард.

Роҳҳои нақлиётӣ, шабакаҳои интиқоли энержӣ ва об дар байни ин давлатҳо ба ҳам муттаҳиданд. Аммо баъди суқути Иттиҳоди Шуравӣ ин давлатҳо дар тақсими захоир ба созиш нарасиданд.

Ба назари иштирокдорони нишаст, сармоягузори хориҷӣ дар сурате ба минтақа таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад, ки агар он аз як бозори муштарак иборат бошад.

Ноиби вазири саноат ва тиҷорати Қазоқистон Талъат Урекенов мегуяд, то замоне ки кишварҳои минтақа мушкилоти умумии худро аз байн набаранд, ба татбиқи ягон барномаи дақиқ даст нахоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG