Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони рус аз кашфу забти 74 килограм ҳероин хабар доданд



Тоҳири Сафар



Гуруҳи марзбонии рус мустақар дар Тоҷикистон гуфт, шаби 29 ба 30-юми январ, сарҳадбонон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, аз қочоқбарон беш аз 74 килограм ҳероин мусодира карданд.

Бинобар иттилои дафтари матбуоти Гуруҳи марзбонӣ, сарҳадбонон дар дили шаб гуруҳи қочоқбаронро мушоҳида карданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳаракат доштанд. Аммо қочоқбарон низ пай бурданд, ки зери назорати сарҳадбонон афтиданд ва бо истифода аз торикӣ ба суи Афғонистон ғайб заданд.

Ҳангоми тафтиши маҳҳали ҳаракати қочоқбарон, сарҳадбонон 74 килову 255 грамм ҳероин пайдо карданд. Ба ҳамин тартиб, тибқи иттилои хабаргузории Итар Тасс аз оғози сол то кунун дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 500 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 300 килограмм ҳероин кашфу мусодира шудааст.



XS
SM
MD
LG