Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул ба Душанбе омад



Тоҳири Сафар



Ҳайати намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул, рузи чоршанбе, 29-уми январ вориди Душанбе шуд ва бо вазири иқтисоди Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмуддинов ва раиси Бонки Миллӣ, Муродалӣ Алимардонов мулоқот кард. Сухангуи Бонки миллии Тоҷикистон Раҳматшо Додихудоев ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни ин мулоқотҳо раҳбари ҳайат, Роберт Кристиансен изҳор дошт, ки Сандуқи Байналмилалии Пул дар нишасти ахири худ, авзои иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ намуда, аз дастовардҳои он ситоиш кардааст.

Ба гуфтаи Роберт Кристиансен, Тоҷикистон бори аввал дар таърихи ҳамкориҳои ин кишвар бо Сандуқи Байналмилалии Пул аз ҷониби созмон, чунин баҳои баланд гирифтааст. Дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон, ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул, Сармад Ҳоваҷ, намояндаи нави созмон дар Тоҷикистонро, ки ба ҷои фиристодаи пешин, Анрӣ Лорӣ таъин шудааст, муаррифӣ кард.

Ҳайати ин созмони ҷаҳонии молиявӣ барои омузиши ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки ҷузъи барномаи миллии фақрзудоӣ мебошад, ба Душанбе омадааст.

XS
SM
MD
LG