Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шароити иҷтимоӣ ба номгузории навзодон дар Бадахшони Тоҷикистон таъсир гузоштааст



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол

Ҳарчанд дар Қирғизистони ҳамсоя ба хотири сарватманд шудан, ба навзоде "Долларбек" ном ниҳодаанд, аммо дар Бадахшон чунин исмҳо ба гуш намерасанд.

Маросимҳои хурсандӣ ва издивоҷи ҷавонон дар вилояти Бадахшони куҳии Тоҷикистон ру ба афзоиш овардааст. Мудири шӯъбаи сабти асноди ҳукумати вилоят, Давлатсултон Раҳматхудоева ин равандро омили ба эътидол омадани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мешуморад.

Вай мегуяд:"Се соли охир, дар Хоруғ раванди маросимҳои туй ру ба афзоиш овардааст. Нисбат ба солҳои 1993-1994, ки маросимҳои тую издивоҷ кам буданд, ҳоло теъдоди ин маросимҳо 30 - 40 фоиз афзудаанд. Бештари ҷашнҳои арусӣ дар тарабхонаҳо мегузаранд, ки ин нишонаи нисбатан ба эътидол омадани вазъи ҷомеа мебошад."

Ба гуфтаи коршиносон, ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва паёмадҳои он - мушкилоти мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ба авзои бисёре аз хонаводаҳои бадахшӣ асари манфӣ ба ҷо гузошт. Тайи ин солҳо миёни сокинони вилоят на фақат бемориҳои ҷисмонӣ, балки як идда амрози равонӣ, иҷтимоӣ афзоиш пайдо кард. Ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ҷавонон зиёд шуданд. Баргузории маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла ҷашнҳои арусӣ, кам гардид.

Ба гуфтаи масъули сабти асноди шаҳрвандон, Давлатсултон Раҳматхудоева, вазъи баамаломада ба номгузории навзодон аз ҷониби волидайн низ таъсиргузор будааст. Солҳои пеш дар Бадахшон, ба фарзандон гузоштани номҳои Шоҳмусаллам, Муҳаммадшерзодшоҳ, Шоҳнавруз, Қаландарбек, Ҳайдарбек, Давлатбегим, Қурбонбегим ва амсоли инҳо, ки сифатҳои шоҳ ва бекро ҳамроҳ доштанд, расм будааст. Акнун ба назар мерасад мардум аз орзуи шоҳ ва бек шудан, даст кашидаанд.

Давлатсултон Раҳматхудоева гуфт:"Вақтҳои охир, падару модарон ҳангоми номгузорӣ, аз номҳои анъанавӣ фақат дар мавридҳои зинда кардани хотираи бобо ё бибиашон истифода бурда, бештар ба кудакон исмҳои кутоҳ, ба мисли Марта, Манижа, Элвира, Фазила, Алмина, Шараф мегузоранд."

Воқеан, тибқи як хабар, дар ҷумҳурии Қирғизистон, волидайн ба хотири орзуи сарватманд шудан, ба тифли навзодашон "Долларбек" ном ниҳодаанд. Ҳарчанд орзуи зиндагии серу пур доштан, шояд дар дили хонаводаҳои зиёде дар Бадахшон ҷой дошта бошад, аммо ҳануз дар ин ҷо чунин номҳо аз қабили Дирамбек, Сомонбек, Рублшоҳ, ё Долларбеку Еврошоҳ ба гуш намерасанд.

Аз шумули лидерони сиёсии ҷумҳурӣ, дар номгузорӣ, фақат аз президенти кишвар ёдоварӣ шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳо ҳадди аққал бо як Эмомалии хурдсол дучор шудан мумкин буда, дигар симоҳои сиёсии ҷумҳурӣ бошад, аз чӣ сабаб, аз доираи тавваҷӯҳи мардум берун мондаанд.

Ахиран ҳукумати вилояти Бадахшон, соли 2003-умро соли "Хонаводаи солим" эълон дошт. Аз хитобае, ки ба ин муносибат аз тариқи телевизиони вилоятӣ пахш гардид, чунин бармеояд, ки ҳукумат бо дарки оила, чун рукни муҳими ҷомеа ва ниёз ба хонаводаҳои солим тасмим гирифтааст, бо истифодаи бештари имконоти молӣ, дар эҷоди шароити созгортар барои хонаводаҳо, талош варзад.



XS
SM
MD
LG