Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тайи чор соли охир дар Тоҷикистон 33 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст



Тоҳири Сафар





Рустам Назаров, мудири Оҷонсии ҳукумати Тоҷикистон дар умури мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир гуфт, зарфи 4 соли охир дар ин кишвар 33 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 10 тонна ҳероин боздошт ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи Рустам Назаров, кашфу мусодираи чунин миқдори бузурги маводи мухаддир бинобар ҳамкории самарабахши мақомоти гуногуни интизомӣ ба даст омадааст.

Генерали тоҷик афзудааст, Тоҷикистон сипари аслӣ дар роҳи қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои қораи Аврупо буда, дар роҳи ҷилавгирӣ аз густариши маводи мухадир саҳми чашмгире дорад.



XS
SM
MD
LG