Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон 100 шаҳрванди Афғонистон зиндонӣ аст



Раҳматкарими Давлат





Довуди Панҷшерӣ - сафири давлати интиқолии Афғонистон дар Душанбе гуфт, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, замони иқомати муҳоҷирини афғон дар кишварро, то фароҳам шудани шароити бозгашти онҳо ба ватанашон, тамдид намояд.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба у итминон додааст, ки ҳукумати ин кишвар тамоми меъёр ва талаботи асноди байналмилалиро дар нисбати муҳоҷирини афғон ба ҷо хоҳад овард.

Бино ба гуфтаи сафири Афғонистон, аз панҷ моҳи пеш то кунун, ҳудуди 12 нафар аз муҳоҷирини афғон бо далоили мухталиф, аз ҷумла надоштани визаи иқомат ва нақзи муқаррарот, аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Довуди Панҷшерӣ ҳамчунин гуфт, дар айни ҳол ба маълумоти расмӣ, наздики 100 нафар аз шаҳрвандони Афғонистон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ин афрод, умдатан ба далели адами ҳаққи иқомат ва даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир, боздошт шудаанд. Оғои Панҷшерӣ гуфт, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, феҳраст ва теъдоди дақиқи шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусанд, дар ихтиёри сафорати кишвараш қарор диҳад.





XS
SM
MD
LG